Сармоягузорӣ ба ғизо

Натиҷаҳои тадқиқот дар Тоҷикистон

Highlights

Бо вуҷуди ба даст овардани баъзе пешравиҳо дар самти коҳишдиҳии миқёси норасоии ғизоӣ, ин мушкилот дар Тоҷикистон ҳанӯз ҷиддӣ боқӣ мемонад, зеро сатҳи норасоии ғизоӣ аз нишондиҳандаҳои миёна дар минтақа баландтаранд. Омилҳо аз қабили амнияти озуқаворӣ, камбизоатӣ ва дастрасии маҳдуд ба хизматрасониҳои тиббӣ ба пойдор гардидани сатҳи баланди норасоии ғизоӣ, алалхусус байни аҳолии осебпазир, ба монанди занон ва кӯдакон, мусоидат мекунанд.

Дар гузориши мазкур натиҷаҳои таҳлили хароҷот баҳри пайдо намудани тасаввурот оиди таърихи хароҷотҳо барои соҳаи ғизо дар Тоҷикистон, арзёбии хароҷоти амалисозии Нақша барои муайян кардани хароҷоти зарурии оянда, таҳлили фазои молиявӣ барои муайян намудани манбаъҳои маблағгузорӣ ва арзёбии арзиши беамалӣ барои ошкор сохтани оқибатҳои сармоягузорӣ накардани соҳаи ғизо оварда шудаанд.

a cover page
Муаллиф
ЮНИСЕФ
Таърихи нашр
Забонҳо
Англисӣ, Тоҷикӣ, Русӣ