Таҳлили вазъи кӯдакон дар Тоҷикистон
Ин Таҳлили вазъ зарурати фаврии бартараф намудани маҳрумиятҳо ва нобаробариҳои доимиро, ки кӯдакони осебпазиртарин бо онҳо рӯ ба рӯ ҳастанд, таъкид менамояд
- English
- Тоҷикӣ
Ҳолатҳои барҷаста
Ин «Таҳлили вазъи кӯдакон» пешрафти Тоҷикистонро дар иҷрои уҳдадориҳояш тибқи «Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои кӯдак» арзёбӣ карда, равиши ба ҳуқуқи инсон асосёфтаро татбиқ менамояд, ки ба баробарӣ, иштирок ва масъулиятнокӣ тамаркуз мекунад. Ҳуҷҷати мазкур таваҷҷуҳро ба кӯдаконе ҷалб менамояд, ки дар зери хатари бештар қарор доранд - бахусус онҳое, ки дар камбизоатӣ, минтақаҳои деҳот ва бо маъюбият зиндагӣ мекунанд - ва ба самтҳое ишора мекунад, ки дар онҳо идоракунӣ, қонунгузорӣ ва расонидани хизматрасониҳо метавонанд таҳким ёбанд. Ин Таҳлили вазъ зарурати фаврии бартараф намудани маҳрумиятҳо ва нобаробариҳои доимиро, ки кӯдакони осебпазиртарин бо онҳо рӯ ба рӯ ҳастанд, таъкид менамояд.
Таҳлили мазкур бо такя ба зиёда аз 50 мусоҳибаи ҷонибҳои манфиатдор, машваратҳо бо наврасону ҷавонон, маълумот аз «Таҳқиқоти тиббӣ-демографӣ» (ТТД) дар соли 2023 ва таҳқиқотҳои омори миллӣ, дурнамои бисёрсоҳавиро пешниҳод мекунад, ки дар он ба соҳаҳои тандурустӣ, маориф, ҳифз ва хавфҳои иқлим аз нигоҳи баробарӣ назар карда мешавад. Ин таҳлили вазъият барои асоснок кардани сиёсатҳои миллии кӯдакон, таҷдиди назари буҷетҳои давлатӣ ва роҳнамоии «Барномаи кишварии ЮНИСЕФ барои солҳои 2027–2030», инчунин пешниҳоди роҳнамоӣ ба шарикони рушд ҷиҳати таъмини таваҷҷуҳ ба ҳар як кӯдак, ғояҳои амалиро пешкаш мекунад.