Таъмини пайвастагии умумӣ дар соҳаи маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Табдилдиҳии рақамии манзараи таҳсилоти рақамӣ дар Тоҷикистон: Арзёбӣ ва стратегияи амал.
- English
- Тоҷикӣ
Highlights
Ҳисоботи мазкур бо маблағгузорӣ Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ дастгирӣ шуда, дар асоси натиҷаҳои таҳлили харитакашии пайвастагии мактабҳо ба интернет таҳия шудааст ва манзараи кунунии пайвастагии инфрасохтор дар бахши маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистонро тавсиф мекунад. Ҳисобот инчунин стратегияҳои пешниҳодшудаи муҳити гуф мусоид барои рақамисозии мактабҳо дар Тоҷикистонро шарҳ медиҳад.
Дар соли таҳсили 2022/2023 Тоҷикистон 3967 мактаб дошт, ки 85 фоизи онҳо дар маҳалли деҳот воқеъ буд ва танҳо 16 фоизи онҳо дастрасӣ ба интернет доранд. Таъмини пайвастагии умумӣ барои бахши маориф масъалае мебошад, ки якчанд технологияҳои пайвастагӣ ва моделҳои ҷуброни хароҷот, ҳамчунин дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон, муассисаҳои байналмилалии молиявии рушд (ММР) ва бахши хусусиро талаб мекунад.
Барои дастгирии таъминоти бештар бо интернет, ҳукумат аз провайдерҳои интернет (ПИ ё ISP) ва операторҳои шабакаҳои мобилӣ (ОШМ) даъват ба амал овард, ки дар шарикии давлат ва бахши хусусӣ бо ҳукумат ва ММР иштирок кунанд. Барои дастгирии ҷараёни мазкур дар ин ҳисобот натиҷаҳои манзараи инфрасохтори пайвастагии ҷорӣ дар кишвар, мушаххасан дар робита бо бахши маорифро пешкаш мегарданд ва роҳҳои эҳтимолии ноил шудан ба пайвастагии пурра муайян карда шудаанд.