Ҳадафи асосии мо – бе таваҷҷӯҳ нагузоштани ҳеҷ як кӯдак.

Роҳбари ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Лучиано Калестини ба якчанд саволи мо ҷавоб дод, аз ҷумла оид ба Рӯзи Умумиҷаҳонии Кӯдакон.

Asia Plus
Luciano Calestini
UNICEF/Tajikistan
19 Январ 2022

Санаи 20 ноябр "Рӯзи Умумиҷаҳонии Кӯдакон" ҷашн гирифта мешавад. Ба муносибати ин санаи муҳим “Азия-Плюс” лоиҳаи нави махсуси худро таҳти унвони “Фарзанди ман” раҳандозӣ менамояд. 

Мо дар бораи мушкилоти кӯдакон нақл хоҳем кард, масъалаҳои боиси хавотирии волидонро баррасӣ намуда, барои дарёфти ҷавоб ба саволҳои муҳим кӯмак мекунем. Ин ҷавобҳо дар ҳолатҳои душвори зиндагӣ метавонанд ёрӣ расонанд. Роҳандозии лоиҳаи тавассути дастгирии намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон имконпазир шуд. 

Самтҳои асосии фаъолияти ЮНИСЕФ кадомҳоянд? 

ЮНИСЕФ фаъолияти худро дар Тоҷикистон соли 1993 оғоз намудааст. Ҳамчун як агентии СММ, ки вазифаи асосии он ҳифзи ҳуқуқҳои тамоми кӯдакон дар саросари ҷаҳон мебошад, фаъолияти мо равона шудааст: бо мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҷамъиятҳо ба таъмини таваҷҷуҳ ва назорат ба тамоми 3.7 миллион кӯдак дар Тоҷикистон, аз таваллуд то давраи ба камол расидан. 

Мо бо ҳукумати кишвар ҳамкории зич дошта, якҷоя ба нафъи кӯдакон ба силсилаи нақшаҳои панҷсолаи таҳти унвони “Давраҳои барномавӣ” сармоягузорӣ менамоем. Давраи барномавии ҷорӣ баъд аз ду сол ба анҷом мерасад ва дар ояндаи наздик банақшагирии панҷ соли ояндаро оғоз хоҳем кард. 

Бо ҳукумат мо ба чор самти асосии ба саломатӣ ва некӯаҳволии кӯдакон дахлдор таваҷҷуҳ зоҳир менамоем: 

"Солҳои аввал", ки ба онҳо шаш соли аввали ҳаёти кӯдак ва ҷамъи лавозимоте дохил мешавад, ки ӯ барои зиндагии комил ва омодагӣ ба таҳсил дар мактаб бояд дошта бошад. Масалан оби тоза, ғизои хуб ва иммунизатсияи пурра. 

"Таълим" – ин самти дуюм мебошад, ки на танҳо ба таҳсили ҳамаи кӯдакон дар мактаб, балки ба натиҷаҳои беҳтарин дар он раванд ва омодагӣ ба ҳаёти минбаъда равона шудааст. 

"Даҳсолаи дуюм" - баҳри таъмини имконият барои хатми мактаб ва дарёфти ҷои кор, бунёди ояндаи бехатар барои худ ва оила худ, барои ҳар як наврас ва ҷавон нигаронида мешавад. 

"Муҳити бехатар"– як қисми барнома мебошад, ки дар он диққати асосӣ ба пешгирӣ ва кӯмак ба кӯдакони осебпазир ба маҳрумияти гуногун, зӯроварӣ, муносибати бераҳмона ва беэътиноӣ равона карда мешавад. 

Ҳамаи ин иқдомот барои муайян намудани таъсири воқеии фаъолияти муштараки мо бо ҳукумат ва ба қадри имкон самаранокии онҳо барои кӯдакон, ба тадқиқоту арзёбиҳо такя менамоянд. 

Оё шумо метавонед се тадқиқоти асосии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон анҷомдодаро, ки метавонанд вазъияти марбут ба ҳуқуқҳои кӯдаконро шарҳ диҳанд, номбар намоед? 

Тадқиқотҳо ҷузъиёти ҳаётан муҳими фаъолияти ЮНИСЕФ мебошанд. Бе дарки сабабҳои аслии масъалаҳои иҷтимоӣ, ё надоштани имконияти муайян намудани кадом навъ ва самти зарурии сармоягузорӣ, мо бо хатари эҳтимолан равона намудани захираҳои маҳдуд ба самтҳои нодуруст, на ба он ҷойҳое, ки воқеан ба сармоягузорӣ ниёз доранд, рӯ ба рӯ мешавем. 

Яке аз мисолҳои тозатарин ин тадқиқоти “KAP-KAB studies” мебошад, ки "Дониш, муносибат ва амал" маъно дорад. Дар он диққати махсус ба кӯдакон ва занони дорои маъюбият дар Тоҷикистон равона шуд. Мо миқдори зиёди маълумотро оид ба муносибати аҳолӣ дар Тоҷикистон нисбат ба маъюбият ва муносибати байни шахсони дорои маъюбият ва дигар аъзои ҷомеа ҷамъоварӣ намудем. 

Дар натиҷаи ин тадқиқот дар оғози соли равон дар якҷоягӣ бо ҳукумат ва як қатор шарикони дигар мо маъракаи умумимиллии таҳти унвони "Each One of Us is Able" ё "Ҳар яки мо - тавоно" роҳандозӣ намудем. Зеро маълум шуд, ки қисми асосии мушкилоте, ки бо онҳо шахсони дорои маъюбият дучор мешаванд, ин муносибати бад аз ҷониби ҷомеа, баъзан аз ҷониби аъзои оилаи худи онҳост. 

Мисоли дуюми тадқиқоти тоза марбут ба осебпазирӣ ва хатарҳое мебошад, ки наврасон дар Тоҷикистон дучор мегарданд. Ҳадафи тадқиқоти мазкур беҳтар дарк намудани монеаҳои садди роҳи ҷавонони Тоҷикистон дар шуғл ва иштироки шаҳрвандист. Хусусан барои нафарони аз ҳама бештар камбизоат ва канормонда. 

Азбаски дар Тоҷикистон зиёда аз ним миллион наврасон на ба таҳсил ва на бо шуғл фаро нагирифта шудаанд, фикр мекунем равшани андохтан ба ин масъала хеле муҳим аст. 

Илова бар ин, айни замон мо дар самти таҳияи ҳуҷҷате таҳти унвони "Таҳлили вазъият" (SITAN) фаъолият дорем. Ин тадқиқоте мебошад, ки дар панҷ сол як маротиба дар дафтарҳои ЮНИСЕФ бо иштироки тамоми шарикон гузаронида мешавад. Тадқиқоти мазкур асоси “Барномаи кишварӣ” мебошад, ки он байни ҳукумат ва дафтари ЮНИСЕФ мувофиқа шуда, барои пешниҳоди ҳолати воқеии масъалаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, ки садди роҳи кӯдакон ва оилаҳои онҳо мешаванд ва барои муайян намудани камбудиҳо ё эҳтиёҷоте, ки бояд дар давраи барномавии оянда ҳал карда шаванд, ёрӣ мерасонад. 

Оё ЮНИСЕФ табақабандии умумии некӯаҳволии кӯдаконро дар кишварҳои гуногун дорад? Тоҷикистон дар кадом мавқеъ қарор дорад? 

Нишондиҳандаи муҳимтарини арзёбии некӯаҳволи кӯдакон дар дилхоҳ кишвар ба истилоҳ “Нишондиҳандаи сатҳи фавти кӯдакони то 5 сола” (U5MR - under 5 mortality rate) мебошад. Он муайян менамояд, ки чанд нафар аз байни 1000 кӯдакони навзод ба сини 5 солагӣ мерасад. 

Айни замон Ҷопон кишвари аз ҳама пешсаф аз рӯи ин нишондиҳанда мебошад, ки он ҷо танҳо 0.9 кӯдак аз байни 1000 навзод то синни 5 солагӣ вафот мекунад.

#ForEveryChild
UNICEF/Tajikistan

Баъд аз ба даст овардани истиқлолият Тоҷикистон дар ин самт ба дастовардҳои назаррас ноил гаштааст нишондиҳандаи “U5MR” аз бештар аз 100 дар байни 1000 кӯдак дар соли 1993 то 20.1 дар соли 2017 коҳиш ёфтааст. 

Нишондиҳандаи дигари муҳим, ки дар назорати некӯаҳволии кӯдакон истифода мешавад, ин камбизоатӣ мебошад. Тоҷикистон дар давоми 25 соли истиқлолият дар ин самт низ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст ва сатҳи камбизоатӣ аз 80% то 30% коҳиш ёфт. Бовуҷуд, ҳоло тақрибан як миллион кӯдак дар Тоҷикистон дар ҳолати камбизоатӣ қарор доранд, ки ин барои рушд ва иқтидори онҳо хатари ҷиддӣ мебошад. Ин масъалаи ҷиддӣ барои Тоҷикистон мебошад, чунки аҳолии он ягона захираи муҳим барои оянда устувор ва шукуфон аст. Таъмини бехатарӣ ба ҳар як кӯдак, солим ба воя расидан ва доштани донишу малакаҳо барои гузариш ба камолот шарти ҳатмӣ барои ҳар як кишвари муваффақ ва устувор ба ҳисоб меравад. 

Дар робита ба қадамҳои минбаъда, се сол пеш Ассамблеяи Генералии СММ қатъномаеро таҳти рақами 70/1 қабул намуд. Ин як қатъномаи хеле муҳим мебошанд, чунки он ҳар як кишвари ҷаҳонро вазифадор намуд, ки то соли 2030 ба “17 ҳадафи барои башарият” расанд. Инчунин, онҳо ҳамчун “Ҳадафҳои рушди устувор (SDG)” маъмул мебошанд. Аксари ин ҳадафҳо ба мисли оби тоза, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, таъмини дастрасӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ ва таҳсили босифат бевосита бо кӯдакон алоқаманд мебошанд. Тоҷикистон ҳамчун як кишвари аъзои СММ ба ин ҳадафҳои глобалӣ ҳамроҳ шуда, нисбати онҳо муносибати ҷиддӣ нишон медиҳад, аз ҷумла дар самти омода намудани ҳисобтҳои мунтазам оид ба пешрафти худ. 

Тоҷикистон бояд ба кадом мушкилоти кӯдакон бештар таваҷҷуҳ зоҳир намояд? 

Чуноне қаблан қайд шуд, баъд аз истиқлолият ва оқибатҳои харобиовари ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-ум Тоҷикистон роҳи дарозеро тай намудааст. Аммо, то он даме, ки ҳар як кӯдак дар шароити муносиб зиндагӣ накунад, мо наметавонем гӯем, ки кор ба анҷом расидааст. 

Соли гузашта Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак дар Женева як қатор масъалаҳои асосиеро баён намуд, ки ба таваҷҷуҳ ниёз доранд. Аз ҷумла: пешгирӣ намудани зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон, пешбурди таҳсили фарогир, таъмини хизматрасониҳои мувофиқ барои кӯдакони дорои маъюбият, ҷоннок намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои босифати ҳифзи саломатии модар ва кӯдак, аз ҷумла таъмини об, санитария ва беҳдошт, таъмини адолати самаранок нисбат ба наврасон. ЮНИСЕФ хеле қаноатманд буд, ки ҳукумат ба худ уҳдадорӣ гирифт, ки ба ин тавсияҳо вокуниш нишон диҳад ва воқеан барои ҳалли онҳо айни замон нақшаи ҳамаҷонибаи амал вуҷуд дошта, бо Комиссияи ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон мувофиқа шудааст. 

Бидуни номбар намудани ҳар яки онҳо мехостам аҳамияти бузурги консепсияи “Рӯшди барвақтии кӯдакро” (Early Child Development) қайд намоям. Дар он тамоми омилҳои зурурӣ барои модар ва кӯдак оварда шудааст, то кӯдакон дар давраи аввали ҳаёт солим ва қавӣ ба воя расанд. Яъне аз давраи дар батни модар будан то синни шаш солагӣ. Масъалаҳои муҳимтарини бо рушди кӯдак алоқаманд ба волидайн низ дахл доранд, чунки нақши онҳо ва тасмимҳояшон, ки барои фарзандон мегиранд, аз ҳама муҳимтаринанд. 

Дар Тоҷикистон баъзан ҳолатҳои худкушӣ байни кӯдакон ва наврасон ба қайд гирифта мешаванд. То кадом андоза онҳо омӯхта шудаанд? 

Пайдоиши солимии равони ба ҳайси яке аз масъалаҳои асосии тандурустии ҷамъиятӣ боз ҳам бештар қобили муҳокима мегардад. Эҳтимол, оқибати шадидтарини бемориҳои равонӣ худкушӣ мебошад, ки аксар вақт бо ҳолатҳои клиникии мисли афсурдаҳолӣ (депрессия) алоқаманд мебошанд. Соли 2012 бо дархости ҳукумати вилояти Суғд дар якҷоягӣ бо Донишгоҳи Колумбия, ЮНИСЕФ оид ба паҳншавӣ ва тамоюли худкушӣ миёни кӯдакон ва ҷавонон (12-24 сола) дар ин вилоят тадқиқот гузаронд. Яке аз муҳимтарин натиҷаҳои ин тадқиқот он буд, ки байни занон, хусусан духтарон сатҳи нисбатан баландтари сӯйқасд ба ҷони худ мушоҳида мешуд. Мувофиқи маълумоти тадқиқот, сабаби он сатҳи пасти дастрасии волидон ба таълим, одатҳои тарбия додан аз ҷониби волидон, осеби оилавӣ, зуроварии байнишахсӣ, муҳоҷирати аъзоёни оила ва душвориҳои иқтисодӣ буданд. Бо ибораи дигар, ба худкушӣ ё сӯйқасд ба ҷони худ якчанд омилҳои мураккаб мусоидат менамоянд. Мутаассифона дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон сатҳи худкушӣ, аз ҷумла байни ҷавонон баланд мебошад ва аз омори глобалӣ дар муқоиса бо дигар мамлакатҳо баландтар аст. 

Дар таҳия ва пешниҳоди хизматрасониҳои тиббӣ (аз ҷумла саломатии равонӣ) ба наврасон ҳамчун чораҳои пешгирикунандаи худкушӣ ва афсурдаҳолӣ мо дар якҷоягӣ бо ҳукумат аз ин маълумот истифода мебарем. Аммо, тавре қайд намудам, ҳалли соддаи ин масъала вуҷуд надорад. Ҷиҳати руҳбаландкунанда он аст, ки сатҳи иштироки ҷомеа дар баррасии ин масъалаҳо ва содиқ будани Ҳукумати Тоҷикистон барои намунаи ибрат будан дар ҳалли он, баланд шуда истодааст. 

Чанде пеш ЮНИСЕФ ташаббуси ҷолиби “Ман навовар”-ро роҳандозӣ намуд. Он ба наврасон имконият медиҳад, ки тавассути лоиҳаҳои навовари худ дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ саҳмгузор бошанд. Дар бораи ин барнома каме нақл мекардед. Тавассути он ба кадом ҳадафҳо мехоҳед ноил гардед? 

Чуноне зикр шуд, барои наврасон ва ҷавонон доштани имконияти гузариш аз мактаб ба кор самти муҳими фаъолият барои Тоҷикистон мебошад. Тақрибан 70% аҳолии Тоҷикистон аз 30 сола ҷавонтар мебошад, ва имрӯз ним миллион ҷавонон, бо таҳсил ва бо шуғл фаро гирифта нашудаанд. Мо бо Вазорати маориф ва илм, Вазорати меҳнат ва муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва Кумитаи кор бо ҷавонон ҳамкории зич дорем, то ин ки ба ҷавонон барои дар якҷоягӣ эҷод намудани роҳҳои ҳалли инноватсионӣ ба мушкилиҳои ҷомеаҳои онҳо, имконият фароҳам оварем. Яке аз намунаҳо ин барномаи “Пешсаф” мебошад, ки ба наврасон барои татбиқи ғояҳо ва роҳҳои ҳалли мушкили худ ёрӣ мерасонад. Онҳо аллакай як қатор ғояҳои аҷибе доранд, ки дар Конфронси байналмилалии бахшида ба об моҳи июн муаррифӣ шудаанд. 

Давраи ҷории “Пешсаф” бо роҳандозии шарикии глобалӣ барои ҷавонони таҳти унвони “Generation Unlimited” рост меояд. Тоҷикистон яке аз 16 мамлакат барои гузаронидани озмун барои ҷавонон интихоб гардид. Дархостҳо аз тамоми гӯшаву канори кишвар қабул карда шуданд ва ба наздикӣ барои интихоби беҳтаринҳо мо бо довталабон семинари чоррӯза хоҳем гузаронд. 

Инъикоси масоили кӯдакон дар васоити ахбори омма то куҷо муҳим аст? Ба фикри Шумо то чӣ ҳад лоиҳаи “Фарзанди ман”, ки мо онро дар якҷоягӣ роҳандозӣ менамоем, барои хонандагонамон муфид хоҳад буд? 

Танҳо дар асоси дониш одамон метавонанд масъалаҳоро дарк намуда, оид ба онҳо тасмим гиранд. Дар саросари ҷаҳон дар самти таъмини дастрасии иттилоот оид ба мушкилоти кӯдакон васоити ахбори омма шарики ҳаётан муҳими ЮНИСЕФ мебошад. Ин на танҳо барои тасмигирандагон ё мутахассисон, балки ба кулли ҷомеа ва оилаҳо низ дахл дорад.  

Дар баробари ин, мо бояд дар хотир дошта бошем, ки баъзе нашрияҳо метавонанд кӯдаконро мавриди хатар қарор диҳанд. Масалан, бояд паёмҳо оид ба масъалаҳои ҳассосе чун истисмори шаҳвонӣ, ё радикализми ҷавонон, шахсияти кӯдакони зиндамонда ё шоҳид, бояд махфӣ нигоҳ дошта шаванд. 

Барои кӯмак ба рӯзноманигорон дар самти ҳифзи кӯдакон дар матолиби худ, дар ҳамкории зич бо васоити ахбори омма ЮНИСЕФ дастурамали тавсияҳоро таҳия намуд. Дар он тарзи инъикоси масъалаҳои муҳим бидуни поймол намудани ҳуқуқҳои кӯдак оварда шудааст. Асоси ин принсипҳо ба ҳамавақт амал кардан барои манфиатҳои беҳтарини кӯдак ва эҳтироми шаъну шарафу ҳуқуқҳои ҳар яки онҳо дар дилхоҳ ҳолат равона шудаанд. 

Дар мавриди ташаббуси муштараки “Азия-Плюс” ва ЮНИСЕФ, мо аз шумораи нафаронеро, ки метавонем ба ин мавзӯи муҳим-ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак фаро гирем, хело хурсанд мебошем. Мо имконият дорем, ки ба муносибат ва эътиқоди ҷомеаҳо ва оилаҳои ин кишвари зебо ба манфиати тамоми кӯдакони он таъсир расонем. Мо интизори силсилаи мақолаҳо ва мусоҳибаҳо дар моҳҳои наздик мебошем, ки дар онҳо масъалаҳои кӯдакон бештар инъикос хоҳанд ёфт. 

Шарики лоиҳаи “Фарзанди ман” намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон мебошад. Нуқтаи назари коршиносон ва муаррифони нашрия метавонад бо нуқтаи назари ЮНИСЕФ мутобиқ набошад.