Фароҳам овардани муҳити фарогир барои омодагии кӯдакон ба мактаб дар Тоҷикистон

Чӣ гуна ЮНИСЕФ ва ЮСАИД ба кӯдакони имконияташон маҳдуд, ҷиҳати омодагии онҳо ба мактаб, тавассути машғулиятҳои таълимии фарогири томактабӣ кӯмак мерасонанд.

Умеда Фазылова
a boy is looking at the camera
UNICEF/Tajikistan/2024/ U. Fazylova

Умарҷон Сафарови ҳафтсола хонандаи муассисаи таҳсилоти томактабии деҳаи Сомониёни ноҳияи Ғарм, мебошад. Умарҷон имкони дар машғгулиятҳо мунтазам иштирок карданро надорад, зеро вай ба шаҳри Душанбе барои табобат меравад. Пас аз баргаштан, ӯ ҳамеша бо шодии зиёд боз ба синфхона меравад. Падараш Шӯҳрат мегӯяд, ки ҳоло онҳо инчунин оғози табобати Умарҷонро, бо мақсади дастгирии эҳтиёҷоти махсуси ӯ,  бинобар сабаби нуқсони биноиаш, баррасӣ намуда истодаанд. Моҳи сентябри соли равон Умарҷон ба ҳазорон кӯдакони дигар дар Тоҷикистон ҳамроҳ шуда, соли аввали таҳсилашро оғоз хоҳад кард.

a boy is writing on a blackboard
a boy is sitting at a desk and reading

Дар синф Умарҷон мехонад, менависад, расм мекашад ва бо ҳамсолони худ асосҳои математикаро меомӯзад. Чун Умарҷон дар оила кӯдаки хурдӣ мебошад, волидайн ва ду бародараш нисбати ӯ ғамхор буда, барои идома додани таҳсил, ӯро ҳаматарафа дастгирӣ менамоянд.

Умарҷон, қаблан дар бодиққат гӯш кардан ва ба хотир нигоҳ доштан мушкилӣ дошт, аммо баъди оне, ки ӯ ба муассисаи таҳсилоти томактабӣ шомил гардид, маҳорати бодиққат гӯш кардани ӯ рушд ёфта, ҳоло шеърҳои кӯтоҳро дар кӯшиши аввал  аз худ мекунад.

Шӯҳрат, падари Умарҷон

Шуҳрат, инчунин гуфт, ки баъзан, вақте Умарҷон вазифаи хонагиашро иҷро мекунад, вай ногаҳон аз ҷояш мехезад ва бо бозӣ машғул мешавад, аммо баъдтар боз ба иҷрои вазифаи хонагиаш бармегардад. Волидайни Умарҷон ӯро дастгирӣ намуда, дарк мекунанд, ки раванди омӯзиш хеле муҳим аст ва Умарҷон услуби махсуси омӯзишии худро дорад. Шахси дигаре, ки эҳтиёҷоти махсуси Умарҷонро дарк менамояд, мураббии ӯ Аламбӣ Ҷамолова мебошад. 

a woman staring at the camera
UNICEF/Tajikistan/2024/ U. Fazylova

Аламбӣ Ҷамолова аз ноҳияи Ғарм буда, ӯ дар соҳаи маориф мутахассиси ботаҷриба аст, ки аз соли 1994 то 2018 ҳамчун омӯзгор фаъолият намудааст. Ҳангоми ба нафақа баромадани вай, аҳли ҷомеа ӯро розӣ кунонданд, ки ба таълими кӯдакон баргардад ва дар синфҳои томактабӣ дарс диҳад. Азбаски шумораи омӯзгорони ботаҷриба ба мисли ӯ дар ноҳияи Ғарм маҳдуд аст ва чун таълими кӯдакон барои ӯ хеле писанд аст, Аламбӣ розӣ шуд.

Дар тӯли фаъолиятам, 2 насли кӯдакон мактабро хатм кардаанд. Ман то ҳол бо бисёре аз онҳо дар тамос ҳастам" - гуфт Аламбӣ

Дар айни замон Аламбӣ ба 30 кӯдаки аз се то шашсола таълим медиҳад. Дарсҳои Аламбӣ дорои машғулиятҳои ҳам синфӣ ва ҳам беруназсинфӣ буда, бозиҳо ва машғулиятҳои  мувофиқ ба синну соли кӯдаконро дар бар мегиранд. Машғулиятҳои мазкур ба Аламбӣ барои рушди ҷисмонӣ ва ақлонии Умарҷон бо мақсади қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти махсуси омӯзишии ӯ кӯмак мекунанд.

a tutor standing next to the blackboard
a tutor explaining a text to the student

Аламбӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки вақти бештарро бо Умарҷон гузаронад ва ӯро ба қадри имкон ба машғулиятҳои якҷоя бо дигар кӯдакон ҷалб намояд. 

"Ман мехоҳам барои кӯдакони худ, махсусан, барои кӯдакони имконияташон маҳдуд захираҳои бештари омӯзишӣ ва таълимӣ ба даст орам" - мегӯяд Аламбӣ

Кӯдакони дорои маъюбияти синни томактабӣ нисбат ба кӯдакони маъюбиятнадошта бештар мактабро тарк мекунанд. Аз ин рӯ, ташкил намудани машғулиятҳои фарогир ҷиҳати омодагии кӯдакони талаботи махсуси таълимӣ дошта ба мактаб муҳим аст. Дастрасӣ ба таълим, дастгирии мувофиқ дар муҳити синф, синфхонаҳои дастрас ва омӯзгорони ботаҷриба омилҳои калидӣ барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти гуногуни ҳамаи кӯдакон дар синф ва дастгирии ҳамаи кӯдакон дар раванди омӯзишии онҳо мебошанд. 
Таҳсилоти томактабии фарогир, инчунин, ба омӯзгорон, волидайн ва парасторон барои омода намудани кӯдакони онҳо ба мактаб кӯмак мекунад.

Дар Тоҷикистон, USAID ва ЮНИСЕФ Вазорати маориф ва илмро дар васеъ намудани дастрасӣ ба имкониятҳои таълимии томактабии фарогир барои кӯдакони аз се то ҳафтсолаи дастгирӣ менамояд. Чорабинии муштараки мазкур ба Вазорат ҷиҳати баланд бардоштани омодагӣ ба мактаб ва беҳтар намудани натиҷаҳои таълим дар муассисаҳои таълимии томактабӣ тавассути фароҳам овардани таълими фарогири ба хонандагон нигаронидашуда ва ба кӯдакони хурдсол барои омодагии онҳо ба таҳсилоти ибтидоӣ кӯмак мекунад.