Синамаконӣ: факт ё боварии беасос?
13 боварии беасос оид ба синамаконӣ
1. Боварии беасос: Синамаконӣ кори осон аст.
Кӯдакон бо рефлекси ҷустуҷӯи синаи модар таваллуд мешаванд. Бо вуҷуди ин, бисёре аз модарон ба кӯмаки амалӣ барои ҷойгир намудани кӯдаки худ барои синамаконӣ ва боварӣ ҳосил кардан, ки кӯдакони онҳо ба сина дуруст часпидаанд, ниёз дорад. Синамаконӣ вақт ва машқро талаб мекунад. Модарон дар хона ва дар ҷойи кор ба ҷойи махсус ва дастгирӣ ниёз доранд.
Оё шумо медонистед? "Шири аввал" - ё фала - аз антитело бой аст ва ба кӯдакони навзод дар ҳоле, ки системаи масъунияти онҳо ҳанӯз дар ҳоли инкишоф аст, метавонад масъунияти онҳоро тақвият бубахшад.
2. Боварии беасос: Пеш аз додани шир шумо бояд пистонҳоятонро бишӯед.
Пеш аз шир додан шустани пистонҳо шарт нест. Аз вақти таваллуд кӯдакон аллакай бо бӯй ва садои модари худ хеле ошно ҳастанд. Пистонҳои модар моддаеро истеҳсол мекунанд, ки кӯдак онро бӯй мекунад ва он дорои «бактерияҳои хуб» мебошад, ки барои ташаккули масъунияти солими кӯдакон барои тамоми умр мусоидат мекунад.
3. Боварии беасос: Шумо бояд кӯдаки навзод ва модарро ҷудо кунед, то модар истироҳат кунад.
Кормандони тиб аксар вақт амалияи "пӯст ба пӯст" - ро фавран пас аз таваллуд, ки он ҳамчун усули кенгуру низ маъмул аст, - ташвиқ мекунанд. Муносибати мустқим бо кӯдаки навзод, ки пӯсти ӯ ба пӯсти шумо бирасад, як амалияи хеле муҳимест, ки ба кӯдакон барои пайдо намудан ва пайвастан ба синаи модар ёрӣ мерасонад. Агар шумо ин амалияроро дар давоми як соат пас аз таваллуд ва баъд аз он зуд-зуд иҷро карда тавонед, он барои муқаррар намудани синамаконӣ кӯмак мекунад. Агар модар ин корро карда натавонад, он гоҳ шавҳар ё ягон аъзои оила метавонад ба модар ёрӣ расонанд.
4. Боварии беасос: Ҳангоми синамаконӣ модарон бояд танҳо ғизои оддӣ бихӯранд.
Мисли ҳама, модарони ширдеҳ бояд ғизои мутавозин бихӯранд. Умуман, тағйир додани одатҳои ғизохӯрӣ лозим нест. Кӯдакон аз лаҳзаи дар батни модар буданашон ба тарзи ғизохӯрии модаронашон одат мекунанд. Агар модар дарк кунад, ки фарзандаш ба ягон ғизое, ки модар мехӯрад, вокуниш нишон медиҳад, беҳтар аст, ки бо мутахассис машварат кунад.
5. Боварии беасос: Машқи ҷисмонӣ ба таъми шири шумо таъсир мерасонад.
Машқи ҷисмонӣ барои солимӣ хуб аст, инчунин барои модарони ширдеҳ низ. Ҳеҷ далеле, ки машқ ба таъми шири шумо таъсири манфӣ мерасонад, вуҷуд надорад.
6. Боварии беасос: Агар шумо яку якбора ба навзод шир надиҳед, баъдан ин корро карда наметавонед.
Оғози синамаконӣ осонтар мешавад, агар шумо онро дар давоми соати аввали баъди таваллуд шуруъ намоед, зеро рефлексҳои кӯдак дар он вақт хеле қавӣ мебошанд. Агар шумо кӯдаки худро дарҳол пас аз таваллуд ба сина нагузоред, ин корро мувофиқи шароит имкон қадар зудтар иҷро намоед. Агар ба шумо барои ба сина гузоштани кӯдак кӯмак лозим бошад, аз мутахассиси ботаҷриба дастгирӣ пурсед. Зуд-зуд бо усули пӯст ба пӯст мондани кӯдак ва гузоштани кӯдак ба сина барои дуруст идома ёфтани синамаконӣ кӯмак мерасонад.
Оё шумо медонистед? Синамаконӣ модарро аз бемории диабети қанд, саратони сина ва тухмдонҳо, бемориҳои дил ва афтодаҳолии баъди таваллудӣ эмин медорад.
7.Боварии беасос: Аксарияти модарон ба кадри кофӣ шир пайдо карда наметавонанд.
Қариб ҳамаи модарон барои фарзандони ширхори худ ба миқдори зарурӣ шир пайдо карда метавонанд. Пайдоиши шири сина аз он, ки кӯдак то чӣ андоза ба сина часпонида мешавад, аз басомади синамаконӣ ва чӣ тавр кӯдак ҳангоми ҳар як синамаконӣ ширро кашида мегирад, вобаста мебошад. Синамаконӣ ин кори «як зан» нест ва модарон ба дастгирӣ ниёз доранд. Дастгирӣ ба монанди роҳнамоии давомдор оид ба синамаконӣ аз ҷониби кормандони тиб, кӯмак дар хона ва нигоҳдории солимии худ тавассути нӯшидан ва хӯрдани ғизои хуб.
8. Боварии беасос: Агар шумо бемор бошед, набояд шири сина диҳед.
Вобаста аз намуди беморӣ, модарон одатан ҳангоми бемор буданашон ҳам метавонанд синамакониро идома диҳанд. Шумо бояд хатман дуруст будани табобати худро бисанҷед, хуб истироҳат кунед, хуб бихӯред ва бинӯшед. Дар бисёр ҳолатҳо, антителоҳое, ки ҷисми шумо барои табобати бемориятон месозад, ба кӯдаки шумо мегузаранд ва муҳофизати ӯро месозанд.
9. Боварии беасос: Агар шумо тифли ширхор дошта бошед, набояд ягон доруворӣ қабул кунед.
Муҳим аст, ки ба духтури худ дар бораи кӯдаки ширхор доштанатон хабар диҳед ва дастурҳои истифодабарии дорувориро, ки онро бидуни дорухат мехаред, пеш аз хариридорӣ бихонед. Мумкин аст, ки доруҳоро дар вақти муайян ё дар вояи мушаххас қабул кунед ё дорувориро ба намуди дигар иваз намоед. Шумо инчунин бояд ба духтури кӯдакатон дар бораи ҳамаи доруҳое, ки шумо қабул мекунед, хабар диҳед.
10. Боварии беасос: Кӯдаконе, ки шири сина мегиранд, часпон мешаванд.
Ҳамаи кӯдакон гуногунанд. Новобаста аз он ки кӯдакон чӣ тавр ғизо дода мешаванд, баъзеҳо ба модаронашон зиёдтар мепайванданд ва баъзеҳо не. Синамаконӣ на танҳо ғизои беҳтаринро барои кӯдакони навзод таъмин менамояд, балки барои рушди майнаи сари онҳо низ аҳамияти калон дорад. Кӯдакони ширмак хеле зиёд дар дастони модар нигоҳ дошта мешаванд ва аз ин рӯ, синамаконӣ робитаи онҳоро бо модаронашон беҳтар мекунад.
11. Боварии беасос: Агар шумо зиёда аз як сол шир диҳед, аз шир ҷудо кардани кӯдак душвор мешавад.
Ҳеҷ далеле вуҷуд надорад, ки қатъ намудани синамаконӣ пас аз як сол мушкилтар мешавад, аммо далелҳо вуҷуд доранд, ки синамаконии бардавом то ду сол ҳам барои модарон ва ҳам барои фарзандонашон муфид аст. Ҳамаи модарон ва кӯдакон гуногунанд, аз ин рӯ онҳо бояд то кадом муддат синамаконӣ давом доштанашро якҷоя муайян кунанд.
12. Боварии беасос: Агар шумо ба кор баргардед, бояд кӯдаки худро аз шир ҷудо кунед.
Бисёре аз модарон пас аз бозгашт ба кор синамакониро идома медиҳанд. Аввалан, қоидаву талаботҳои нисбат ба танзими корро дар ҷойи кори худ санҷида бароед. Агар шумо ҳуқуқи дарёфти вақт ва ҷои махсус барои синамаконӣ дар вақти кориро дошта бошед, шумо метавонед ё ба хона рафта фарзандатонро шир диҳед, ё аз аъзои оила ё дӯстатон хоҳиш намоед, ки кӯдакатонро ба назди шумо барои синамаконӣ биёранд ё ширатонро барои ба хона бурда ба кӯдакатон додан фишурда диҳед. Агар шумо имконияти синамакониро дар давоми соатҳои корӣ надошта бошед, дар давоми рӯз лаҳзаҳоеро ҷустуҷӯ кунед, ки шири худро фишурда, сипас ҳангоми дар хона буданатон кӯдаки худро бевосита ғизо диҳед. Агар шумо қарор диҳед, ки ба кӯдакатон дар баъзе мавридҳо шири сунъи медиҳед, ба ҳар хол, хуб мешуд, агар ҳар вақте ки шумо бо кӯдаки худ ҳастед, синамакониро идома диҳед.
13. Боварии беасос: Пас аз тайёр кардани нон дар танур, пеш аз шир додан ҳарорати синаатонро бояд хунук кунед.
Шири сина ҳамеша дар ҳарорати мувофиқ қарор дорад. Агар шир бевосита аз сина гирифта шуда бошад, хунук ё гарм кардани он лозим нест. Ҳарорати шири модар тақрибан дар ҳарорати якхела бо ҳарорати бадани шумо қарор дорад ва он метавонад барои нигоҳ доштани ҳарорати бадани кӯдак аз пастшавӣ кӯмак расонад. Аммо шумо саломатии худро бо нӯшидани оби фаровон ва дарёфти сояҳо ё ҳуҷраи кондитсионершуда нигоҳ доред.