ЮНИСЕФ Челленҷи “Тӯбро пас деҳ» ро барои дастгирии бозӣ ва солимии равонӣ оғоз мекунад

13 Июл 2026
Football
UNICEF/Tajikistan/

ЮНИСЕФ дар ҳамкорӣ бо Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони Милали Муттаҳид дар шабакаҳои иҷтимоӣ челленҷ оғоз менамояд, то таваҷҷуҳи ҷомеаро ба масъалаҳои солимии равонӣ ва аҳамияти бозӣ барои солимии ҷисмонӣ ва равонии кӯдакон ҷалб намояд. Ин ташаббус бахше аз омодагӣ ба чорабинии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Солимии равонӣ ва футбол» мебошад, ки 17 июли соли 2026 дар қароргоҳи СММ дар шаҳри Ню-Йорк баргузор мегардад. Чорабинӣ аз ҷониби Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон назди СММ дар ҳамкорӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ ташкил карда мешавад.

Ҳадафи челлендж ташкили эстафетаи байналмилалӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад, ки чунин паёмро паҳн менамояд: бозии фарогир ба солимии равонӣ ва некӯаҳволии кӯдакон мусоидат мекунад. Ҳар як кӯдак ҳуқуқ дорад бозӣ кунад. Бо вуҷуди ин, кӯдакон ва ҷавонон дар саросари ҷаҳон бо мушкилоти вобаста ба солимии равонӣ рӯ ба рӯ мешаванд ва духтарони наврасу кӯдакони дорои маъюбият аксар вақт бо монеаҳои иловагӣ барои иштироки баробар дучор мегарданд.

Варзиш, махсусан футбол фазои табииеро фароҳам меорад, ки дар он кӯдакон дар муҳити бехатар ва шавқовар малакаҳои муҳими зиндагиро меомӯзанд. Вақте ки бозӣ бехатар, фарогир ва хуб ташкил шудааст, он эҳсоси ҳамдигарфаҳмӣ, устуворӣ ва эътимод ба худро тақвият медиҳад ва шаклҳои фарогири бозӣ барои аз байн бурдани табъиз ва канормонӣ мусоидат мекунанд.

Челленҷи «Тӯбро бидеҳ»
Ин паёми видеоӣ аз Душанбе то минбари Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк мерасад:

  • Бигир — иштирокчӣ тӯби футболро, ки аз паси навор ба ӯ партофта мешавад, медорад.
  • Паём — дар давоми 5–10 сония паёми кӯтоҳеро дар бораи фарогирӣ ва солимии равонии кӯдакон мегӯяд ва бо ҷумлаи зерин анҷом медиҳад
  • Бидеҳ — иштирокчӣ тӯб ва эстафетаро ба иштирокчии навбатӣ месупорад.

Шумо метавонед аз паёмҳои пешниҳодшуда истифода баред ё паёми худро сабт намоед.

Формати видео:

• Видеоҳои амудӣ (вертикалӣ) — барои Instagram Reels, YouTubeShorts ва Facebook.
• Видеоҳои уфуқӣ(горизонталӣ) — барои Facebook ва YouTube.
• Сифати Full HD — агар хоҳед, ки видеои шумо барои навори ҷамъбастӣ, ки дар қароргоҳи СММ намоиш дода мешавад, интихоб гардад.

Забон: TВидео метавонад бо забонҳои гуногун сабт шавад. Агар забон ғайр аз англисӣ, тоҷикӣ ё русӣ бошад, лутфан зернависи (субтитр) англисӣ илова намоед.

Тэг (отметка): 1) Саҳифаҳои ЮНИСЕФ Тоҷикистон дар Instagram, Facebook ва LinkedIn. 2) Шахсе, ки шумо эстафетаро ба ӯ медиҳед.

Ҳештегҳо: #UnifiedPlay, #ҲамаДарфутбол  #AllInFootball

Паёми асосӣ «Дар канор мондани кӯдак ба солимии равонии ӯ осеб мерасонад. Дар майдон мо як дастаем.»

Намунаҳои паёмҳо: The messages below are for inspiration and missions are welcome to add their own messages in support of mental health and play for children.

  • «Дар канор мондани кӯдак ба солимии равонии ӯ осеб мерасонад. Дар майдон мо як дастаем.»
  • «Як тӯб, як даста ва ҷой барои ҳар як кӯдак.»
    «Кӯдаке, ки худро узви даста медонад, худро қавӣ ҳис мекунад.»
    «Футбол барои ҳар як кӯдак аст. Ҳамин ки тӯбро қабул мекунӣ, ту узви дастаӣ.»
  • «Бозӣ солимии равонии кӯдакро ҳифз карда, маҳорати ӯро низ инкишоф медиҳад.»
  • «Футбол дар ҳар як духтару писар, аз ҷумла кӯдакони дорои маъюбият, эҳсоси ҳамдигарфаҳмӣ, боварӣ ба худ ва устувориро тақвият медиҳад.”
  • «Ҳар як кӯдак ҳуқуқ дорад бозӣ кунад. Ва ҳар як бозӣ моро қавитар мекунад.»
  • «Футбол ба мо кумак мекунад, ки худро амн, қавӣ ва узви даста ҳис кунем.»
  • «Дар майдон ту ҳар як ҳамдастаатро дастгирӣ мекунӣ. Агар ин корро накунӣ, тамоми даста мебозад. Барои пирӯзӣ бозӣ кун!»
  • «Вақте якҷоя бозӣ мекунем, якҷоя рушд мекунем.»
    «Дар майдон, агар касе афтад, ӯро аз ҷой мехезонӣ. Дар зиндагӣ низ бояд ҳамин тавр бошад.»
  • «Ҳар як гол аз он оғоз мешавад, ки касе ба ту бовар мекунад.»
  • «Вақте ҳар як кӯдак бозӣ мекунад, ҳама пирӯз мешаванд.»
    «Аз ҳамдастаат тӯб пурсидан айб нест. Кӯмак пурсидан ҳам айб нест.»
  • «Бозигарони қавӣ ҳамдигарро дастгирӣ мекунанд. Ҷомеаҳои қавӣ низ ҳамин гунаанд.»
  • «Як паси оддӣ метавонад ҷараёни бозиро дигар кунад. Як сухани хуб метавонад рӯзи касеро дигар кунад.»
  • «Баъзан ҷасуртарин қадам ин аст, ки аз касе хоҳиш кунӣ дар паҳлӯят бошад.»
  • «Ва баъзан ҷасуртарин кор ин аст, ки худат дар канори касе бошӣ.»
  • «Бозӣ шодӣ меорад. Шодӣ ба кӯдакон барои рушди кудакон кӯмак мекунад.»
  • “Ҳар як кӯдак сазовори шодии қисми бозӣ будан аст.»

Тамос барои васоити ахбори омма

Далер Додоҷонов
Мутахассис оид ба иртибот
ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон
Тел: +992939990096
Почтаи электронӣ: [email protected]

About UNICEF

UNICEF promotes the rights and wellbeing of every child, in everything we do. Together with our partners, we work in 190 countries and territories to translate that commitment into practical action, focusing special effort on reaching the most vulnerable and excluded children, to the benefit of all children, everywhere. UNICEF operates in Tajikistan since 1993. 

To receive more information about UNICEF and our work in Tajikistan, please visit https://www.unicef.org/tajikistan/

Follow UNICEF on FacebookInstagram and Twitter