ЮНИСЕФ ва ТСелл аввалин ёддошти тафоҳумро дар Тоҷикистон ба имзо расониданд
Душанбе, Тоҷикистон - 28 октябри соли 2024 – ЮНИСЕФ Тоҷикистон ва ширкати ТСелл аввалин ёддошти тафоҳумро (MoU) ба имзо расониданд, ки аз рушди бесобиқаи шарикӣ дар самти таҳкими дастгирии волидон ва васеътар кардани имконияти дарёфти шуғл дар саросари Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳад. Ин шарикии нав ба рисолати ЮНИСЕФ дар самти муосидат намудан ба рушди барвақтии кӯдакон ва дастгирии оғози бомуваффақияти ҳаёти касбӣ мувофиқат мекунад.
Дар доираи ин ёддошти тафоҳум ширкати ТСелл дастрасии васеътарро ба барномаи мобилии «Беббо» дастгирӣ хоҳад кард. Ин барнома барои тарбияи мусбати кӯдакон пешбинӣ шуда, дониши заруриро ҷиҳати таъмини оғози беҳтарини ҳаёти фарзандон, ба волидон медиҳад. Барномаи мобилии «Беббо» тавсияҳои ҳаматарафаро ба волидони кӯдакони то 6 сола пешниҳод намуда, масъалаҳои муҳими мисли саломатии кӯдак, иммунизатсия ва рушди барвақтии онҳоро фаро мегирад. ТСелл якҷоя бо ЮНИСЕФ чорабиниҳои иттилоотӣ-фаҳмондадиҳиро баргузор намуда, маълумотро дар бораи дастрасии «Беббо» бевосита ба муштариёни Тселл, ки ҳамзамон волидон низ мебошанд, хоҳанд расонид.
«Имрӯз ба имзо расонидани ин ёддошти тафоҳум як рӯйдоди хоса барои ҳарду созмон дар Тоҷикистон мебошад. Барои ЮНИСЕФ ҳамкорӣ бо ТСелл ҷиҳати беҳтар дастгирӣ кардани самтҳои асосии ҳаёти кӯдакон, ҷавонон ва волидон дар Тоҷикистон шараф аст. ЮНИСЕФ дар саросари ҷаҳон кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки шарикиҳои мақсаднокро бо бахши хусусӣ ба роҳ монад ва аз имкониятҳои ширкатҳои тиҷоратӣ барои манфиатҳои кӯдакон истифода намояд,» - гуфт Артур ван Дизен, Сардори намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон.
Инчунин, шарикии мазкур ба ҷавонони Тоҷикистон имконияти бештар фароҳам оварда, барои татбиқи барномаи васеътари ЮНИСЕФ доир ба таъмини шуғли пурра барои ҷавонон мусоидат хоҳад кард. Бо дастгирии Иттиҳоли Аврупо ЮНИСЕФ ва Ҳукумати Тоҷикистон дар саросари кишвар шаш «Маркази шуғли фосилави»-ро таъсис додаанд, ки барои аутсорсинг замина гузошта, метавонад барои ҷавонони Тоҷикистон фоидаи устувор расонад.
«Барои ширкат ин шарикӣ қадами муҳим дар доираи стратегияи масъулияти иҷтимоӣ ва дастгирии насли оянда мебошад. Ширкати ТСелл кӯшиш мекунад, ки дар рушди ҷомеа саҳми худро гузошта, барои таълим ва рушди ҷавонон имкониятҳои фароҳам оварад», - тазаккур дод Директори генералии Тселл Озодхон Давлатшоев.
Дар доираи ин ҳамкорӣ ТСелл барои мустаҳкам кардани зарфияти техникаки иттилоотии ин марказҳо кӯмак расонида, дар бораи пайдо кардани шуғл дар бахши телекоммуникатсияи Тоҷикистон ба ҷавонон маълумот пешниҳод хоҳад кард.
Тамос барои васоити ахбори омма
Дар бораи ЮНИСЕФ
ЮНИСЕФ дар баъзе гӯшаҳои душвортарини ҷаҳон фаъолият мекунад, то кӯдакони маҳрумтарини ҷаҳонро фаро гирад. Дар зиёда аз 190 кишварҳо ва ҳудудҳо мо ба хотири ҳар кӯдак, дар ҳама ҷо кор мекунам то барои ҳамагон ҷаҳони беҳтарро созмон диҳем.
Барои маълумоти бештар дар бораи ЮНИСЕФ ва кори он барои кӯдакон аз www.unicef.org боздид кунед
ЮНИСЕФ-ро дар Twitter, Facebook, Instagram ва YouTube пайгирӣ кунед.
Дар бораи TCell
ТСелл оператори телекоммуникатсионии пешбар дар Тоҷикистон мебошад, ки барои тавсеаи дастрасии рақамӣ ва дастовардҳои рақамӣ барои аҳолии Тоҷикистон талош меварзад. Тавассути шарикиҳои стратегӣ ТСелл ба рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар саҳми фаъол мегузорад.