Тадқиқоти нав нишон медиҳад, ки чаро издивоҷи бармаҳал дар Тоҷикистон идома дорад ва он барои духтарон ва рушди кишвар чӣ паёмадҳо дошта метавонад
Тадқиқоти нави миллӣ оид ба издивоҷи бармаҳал дар Тоҷикистон нишон медиҳад, ки сарфи назар аз тамоюли коҳишёбии ақди никоҳи ноболиғон, ҳанӯз ҳам духтарон то 18-солагӣ ба шавҳар мебароянд. Ин падида ба таҳсилу саломатии духтарон, маҳсулнокии иқтисодӣ, вазъи саломатии навзодони онҳо ва дар маҷмӯъ, ба рушди кишвар паёмадҳои ногуворро дар пай дорад. Тадқиқоти мазкурро Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) ва Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Дафтари ҳамоҳангсози доимии СММ, Барномаи рушди СММ (БРСММ), Хазинаи нуфуси СММ (ЮНФПА), Сохтори «СММ-Занон» ва Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ (БҶО) анҷом додаанд.
Натиҷаи аз ҳама нигаронкунандаи тадқиқот он аст, ки қадпастӣ бештар миёни кӯдаконе дида мешавад, ки модаронашон бармаҳал ба шавҳар баромадаанд. Коҳиши минбаъдаи сатҳи издивоҷи ноболиғон метавонад барои кишвар манфиатҳои назарраси иқтисодӣ ба бор оварад, ки тибқи ҳисобҳо, метавонад ҳамасола ба 19,4 миллион доллари ИМА баробар бошад. Ин маблағ аз ҳисоби ҷалби бештари занон ба қувваи корӣ, кам шудани сарборӣ ба хадамоти иҷтимоӣ ва коҳиши ҳолатҳои қадпастии кӯдакону паёмадҳои дарозмуддати он ба вуҷуд меояд.
Натиҷаҳои тадқиқот
Тадқиқоти мазкур, ки маълумоти пурсишҳои миллӣ, таҳлили иқтисодӣ ва тадқиқоти сифатиро фаро мегирад, то ба имрӯз мукаммалтарин намои вазъи издивоҷи бармаҳалро дар Тоҷикистон пешниҳод мекунад. Тадқиқот муайян кард, ки 8,8 фоизи занони 20-24-сола то 18-солагӣ ба шавҳар баромадаанд; ин нишондод миёни занони 25-29-сола 10,7 фоиз ва занони 30-34-сола 13,9 фоизро ташкил медиҳад. Ин тафовут аз беҳбуди вазъият дар давоми даҳсолаи охир гувоҳӣ медиҳад, ҳарчанд Тоҷикистон ҳамоно яке аз кишварҳоест, ки сатҳи баланди издивоҷи бармаҳалро дар Осиёи Марказӣ дорад.
Тадқиқот ҳамчунин тафовути ҷиддиро миёни муносибати оилаҳо ба издивоҷи бармаҳал ва он имкониятҳое, ки ба назари онҳо барои духтарон дастрасанд, ошкор сохт. Ҳарчанд 96 фоизи волидон ва сарпарастон ҷонибдори пешгирии издивоҷи бармаҳал ҳастанд ва 89 фоизи онҳо ин амалро як шакли зӯроварӣ нисбат ба кӯдак мешуморанд, 58 фоиз ҳанӯз ҳам бар ин назаранд, ки ба шавҳар баромадан беҳтарин интихоб барои духтарон аст. Тақрибан сеяки пурсидашудагон (31 фоиз) бар ин назаранд, ки фароҳам омадани имкони хуби издивоҷ метавонад аз идомаи таҳсили духтар муҳимтар бошад. Қариб нисфи онҳо ақида доранд, ки дар шароити норасоии маблағ бояд ба таҳсили писарон афзалият дода шавад.
Ин натиҷаҳо нишон медиҳанд, ки сабаби асосии идома ёфтани издивоҷи бармаҳал ҷонибдории мардум нест, балки эътимод надоштани оилаҳо ба дигар роҳҳои рушди ояндаи духтарон мебошад. Волидон ва сарпарастон паёмадҳои зараровари ин амалро хуб дарк мекунанд, аммо дар шароити маҳдуд будани имкониятҳои таълимию иқтисодӣ бисёриҳо ҳамоно издивоҷро аз ҷумлаи беҳтарин имконони мавҷуда медонанд.
Тадқиқот муайян сохт, ки издивоҷи бармаҳал як сабаби мушаххас надорад. Дар баробари маҳдуд будани ҳуқуқи духтарон дар интихоби ҳамсар, тасаввуроти куҳнае низ ҳукмрон аст, ки духтарон бояд издивоҷ ва иҷрои вазифаи модариро аз таҳсилу касб боло донанд. Мушкилоти иқтисодӣ ва нигаронӣ аз ояндаи духтарон, инчунин фишорҳои вобаста ба шарафу обрӯи оила низ дар ин масъала нақш мебозанд. Илова бар ин, назорати сусти иҷрои қонунҳои марбут ба оила ва никоҳ, холигоҳҳои ҳуқуқие, ки имкони бо иҷозати суд бастани ақди никоҳро фароҳам меоранд ва боқӣ мондани никоҳҳои ғайрирасмиву сабтнашуда боиси идома ёфтани ин падида мегарданд.
Паёмадҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ
Паёмадҳои ин падида барои худи духтарон, оилаҳои онҳо ва давлат хеле ҷиддианд. Духтароне, ки то 18-солагӣ ба шавҳар мебароянд, аз таҳсил қафо мемонанд; тадқиқот собит намуд, ки издивоҷи бармаҳал сатҳи фарогирии занонро ба таҳсил 11 фоиз коҳиш медиҳад. Аксари духтароне, ки пеш аз 18-солагӣ хонадор мешаванд, дере нагузашта модар мешаванд ва дар натиҷа барои идомаи таҳсил ё азхуд кардани касбу ҳунар фурсати хеле кам меёбанд.
Издивоҷи бармаҳал инчунин бо ҳомиладории наврасон ва сатҳи баланди таваллуд дар тӯли ҳаёт иртиботи зич дорад. Тақрибан аз чаҳор се ҳиссаи таваллуди кӯдакон пеш аз 18-солагӣ маҳз ба издивоҷи бармаҳал вобастагӣ дорад. Заноне, ки то ин сину сол оиладор мешаванд, дар тӯли ҳаёти худ нисбат ба заноне, ки дертар издивоҷ кардаанд, 12 фоиз бештар кӯдак ба дунё меоранд. Кӯдаконе, ки аз модарони ноболиғ (то 18-сола) таваллуд шудаанд, то расидан ба синни панҷсолагӣ тақрибан чор баробар бештар ба хатари паёмадҳои қадпастӣ дучор мегарданд.
Таҳлилҳои иқтисодӣ нишон медиҳанд, ки пешгирии издивоҷи бармаҳал метавонад тавассути баланд бардоштани сатҳи таҳсилот, маҳсулнокӣ ва даромади ояндаи занон солона 16,6 миллион доллари ИМА фоида орад. Ҳамзамон, коҳиш ёфтани ҳолатҳои қадпастии кӯдакон ва паёмадҳои дарозмуддати он метавонад солона боз 2,8 миллион доллари ИМА манфиати иловагӣ ба бор орад. Паст шудани сатҳи таваллуд метавонад тавассути кам кардани сарборӣ ба системаҳои маориф ва тандурустӣ боиси сарфаи маблағҳои иловагӣ гардад.
Хулоса ва тавсияҳо
Натиҷаҳо собит месозанд, ки издивоҷи бармаҳал ҳам поймолкунии ҳуқуқи духтарон ва ҳам монеаи ҷиддӣ дар роҳи рушди ҷомеа маҳсуб меёбад. Он дастовардҳои таълимиро маҳдуд месозад, маҳсулнокии иқтисодиро коҳиш медиҳад, вазъи саломатии кӯдаконро бад мекунад ва пешрафти миллиро бозмедорад.
Дар хулосаи тадқиқот таъкид мегардад, ки барои барҳам додани издивоҷи бармаҳал амалҳои ҳамоҳангшуда дар соҳаҳои маориф, ҳифзи иҷтимоӣ, тандурустӣ, низоми ҳуқуқӣ ва ҳамкорӣ бо ҷомеа зарур аст.
Дар тадқиқот тавсия дода мешавад, ки истисноҳои қонунӣ оид ба иҷозати издивоҷ то 18-солагӣ бекор карда, бақайдгирии таваллуду ақди никоҳ тақвият ёбад ва иҷрои қонунҳову масъулияти ниҳодҳои марбута беҳтар карда шавад. Инчунин, рафъи монеаҳо дар роҳи таҳсили духтарон, дастгирии духтарони оиладоршуда ва модарони наврас ҷиҳати бозгашт ба мактаб, васеъ кардани фарогирии ҳифзи иҷтимоӣ, омӯзиши касбу ҳунар ва фароҳам овардани имкониятҳо ба шуғли арзанда мувофиқи мақсад арзёбӣ мегардад.
Ин тадбирҳо бояд дар ҳамоҳангӣ бо ҷалби оилаҳо, намояндагони дин ва ҷомеа барои рафъи меъёрҳои зараровари гендерӣ ва дастгирии духтарон дар қабули қарорҳои ҳаётан муҳим амалӣ гарданд. Хизматрасониҳо бо назардошти махфият ва мувофиқ ба ниёзҳои наврасон дар самти солимии репродуктивӣ бояд ба наврасон новобаста аз оиладор ва муҷаррад будани онҳо, дар қабули қарорҳои огоҳона мусоидат намоянд. Дар баробари ин, дастгирии духтароне, ки аллакай ба шавҳар баромадаанд, бояд бо назардошти шароити маҳаллӣ ба роҳ монда шавад.
Фароҳам овардани шароити мусоид барои идомаи таҳсил ва истифодаи баробари имкониятҳо на танҳо ба духтарон имкон медиҳад, ки иқтидори худро пурра амалӣ намоянд, балки ин ба оилаҳо, ҷомеа ва рушди ояндаи Тоҷикистон низ манфиатбахш мебошад.
Тамос барои васоити ахбори омма
Дар бораи ЮНИСЕФ
ЮНИСЕФ дар баъзе гӯшаҳои душвортарини ҷаҳон фаъолият мекунад, то кӯдакони маҳрумтарини ҷаҳонро фаро гирад. Дар зиёда аз 190 кишварҳо ва ҳудудҳо мо ба хотири ҳар кӯдак, дар ҳама ҷо кор мекунам то барои ҳамагон ҷаҳони беҳтарро созмон диҳем.
Барои маълумоти бештар дар бораи ЮНИСЕФ ва кори он барои кӯдакон аз www.unicef.org боздид кунед
ЮНИСЕФ-ро дар Twitter, Facebook, Instagram ва YouTube пайгирӣ кунед.