Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқҳои кўдак чист?

Нусха барои кўдакон.

-
ЮНИСЕФ

Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқҳои кўдак созишномаи муҳими ба тасвибрасида аз ҷониби кишварҳоест, ки вазифаи ҳимояи кўдаконро ба ўҳда гирифтаанд.

Дар Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои кўдак шарҳ дода мешавад, ки кўдакон кистанд, ҳамчунин ҳамаи ҳуқуқҳои онҳо ва  уҳдадориҳои давлатҳо инъикос гардидаанд. Тамоми ҳуқуқҳо ба ҳам алоқаманданд, баробар муҳимманд ва наметавонанд аз кўдакон гирифта шаванд.

CRC1

Кўдак ҳар шахсе аст, ки ба синни 18-солагӣ нарасидааст.

CRC2

Ҳамаи кўдакон дар сатҳи баробар, новобаста аз он ки дар куҷо зиндагӣ мекунанд, ба кадом забон гуфтугў мекунанд, ба кадом дин пайравӣ менамоянд, чӣ гуна ақида доранд, намуди зоҳириашон чӣ гуна аст, духтар ё писар ҳастанд, маъюбӣ доранд ё не, сарватманданд ё нодор, кӣ ҳастанд, ба чӣ бовар доранд ва волидону дигар аъзои оилаашон ба кадом корҳо машғуланд, аз ҳуқуқҳои ба онҳо додашуда бархурдоранд. Ҳеҷ кўдак набояд мавриди муносибати ноодилона қарор гирад. Барои ин ҳеҷ асос вуҷуд надорад.

CRC3

Дар ҷараёни баровардани қарор калонсолон бояд андеша кунанд, ки тасмими онҳо ба кўдакон чӣ гуна таъсир мерасонад. Ҳар коре, ки калонсолон мекунанд, бояд ба таъмини беҳтарини манфиатҳои кўдакон равона бошад. Ҳукуматҳо вазифадоранд ба кўдакон ҳимоя ва ғамхориро аз тарафи падару модар ё, дар сурати зарурат, аз тарафи шахсони дигар таъмин намоянд. Ҳукуматҳо ҳамчунин бояд таъмин намоянд, ки шахсону мақомотҳои барои нигоҳубини кўдакон масъул кори худро хуб анҷом диҳанд.

CRC4

Ҳукуматҳо бояд ҳар кори имконпазирро анҷом диҳанд, то ки ҳар кўдак дар кишвари онҳо тавонад аз кулли ҳуқуқҳои дар Конвенсияи мазкур сабтшуда истифода кунад.

 

CRC5

Ҳукуматҳо бояд ба оилаҳо ва ҷомеаҳо имконият диҳанд, ки кўдакони худро роҳнамоӣ намоянд, то ки кўдакон бо мурури ба воя расидан доир ба ҳуқуқҳои худ ва истифодаи онҳо ба таври мукаммал меомӯзанд ва мавриди истифода қарор медиҳанд. Ҳар қадар кўдакон калонтар шаванд, ҳамон андоза камтар ба роҳнамоӣаз тарафи дигарон ниёз хоҳанд дошт.

 

CRC6

Ҳар кўдак ҳуқуқ ба ҳаётро дорад. Ҳукуматҳо бояд таъмин намоянд, ки кӯдакон зинда монанд ва то ҳадди бештари имкон инкишоф ёбанд.

CRC7

Кӯдакон бояд  баъди таваллуд ба қайд гирифта шаванд ва ба онҳо ном гузошта шаванд, ки он расман аз тарафи ҳукумат эътироф мегардад. Кўдакон бояд шаҳрвандӣ (мутааллиқӣ ба давлати муайян) дошта бошанд. Кўдакон, дар мавридҳои ҷойдошта, ҳуқуқ ба донистани волидони худ ва ба нигоҳубин аз сўи онҳоро доранд.

CRC8

Кўдакон ба доштани ҳуввияти худ: сабти расмӣ дар хусуси он ки онҳо кӣ ҳастанд, аз ҷумла ном, шаҳрвандӣ ва робитаҳои оилавӣ ҳуқуқ доранд. Ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад кўдаконро аз фардияташ маҳрум созад, аммо агар ин ҳолат ба вуқуъ ояд, ҳукуматҳо бояд ба кўдакон дар барқарорсозии зудтарини фардияти онҳо ёрӣ фароҳам оранд.

CRC9

Кўдакон набояд аз падару модарони худ ҷудо карда шаванд, ба истиснои ҳолатҳое, ки онҳо аз тарафи волидон нигоҳубини муносиб намегиранд, масалан, волид нисбати кўдак муомилаи бераҳмона раво мебинад ва ё ўро нигоҳубин намекунад. Кўдаконе, ки волидонашон ҷудо аз ҳам зиндагӣ мекунанд, бояд бо ҳарду робитаҳои бевосита дошта бошанд, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки ин ба кўдак зарар расонда метавонад.

CRC10

Агар волидони кўдак дар кишвари дигар истиқомат кунанд, ҳукумат бояд ба кўдак ва волидони ў бо мақсади идомаи робита ва якҷоя будан имконият диҳад.

CRC11

Ҳукуматҳо вазифадоранд интиқоли ғайриқонунии кўдаконро аз кишвар ба дигар кишвар, масалан, рабуда шудани кўдакро аз сўи касе, ё ба хориҷа бурдани ўро аз сўи яке аз волидон, ё аз сўи яке аз волидон боздошта шудани ўро дар хориҷа, агар волиди дигар ба ин розигӣ надода бошад, манъ намоянд.

CRc12

Кўдакон ҳуқуқ доранд озодона назари худро оид ба масъалаҳое иброз намоянд, ки ба онҳо дахл доранд. Калонсолон бояд гўш диҳанд ва кўдаконро ҷиддӣ қабул намоянд.

CRC13

Кўдакон ҳуқуқ доранд озодона доир ба он чизҳое, ки фикр ва ҳис мекунанд, хоҳ даҳонӣ, хоҳ хаттӣ ва ё дар шакли дигар иттилоъ диҳанд, агар ин ба одамони дигар зарар нарасонад.

CRc14

Кўдакон ҳуқуқ ба озодии ибрози андеша, назар, озодии динӣ доранд, аммо ин набояд ба амалӣ кардани ҳуқуқҳои одамони дигар монеа созад. Волидон метавонанд кўдаконро роҳнамоӣ кунанд, то ки бо мурури ба воя расидан онҳо аз ин ҳуқуқ дуруст истифода карданро омўзанд.

CRC15

Кўдакон метавонанд ба гурўҳу созмонҳо дохил шаванд ё онҳоро ташкил намоянд ва бо одамони дигар якҷоя амал намоянд, ба шарте ки ин ба шахсони дигар зарар нарасонад.

CRC16

Ҳар кўдак ҳуқуқ ба ҳаёти шахсӣ дорад. Қонун бояд ҳаёти шахсӣ ва оилавӣ, хона, муошират ва обрў (ё номи нек)-и кўдаконро аз ҳар навъ сўиқасд ҳимоя намояд.

CRC17

Кўдакон ҳуқуқ ба гирифтани иттилоот аз Интернет, радио, телевизион, рўзномаҳо, китобҳо ва сарчашмаҳои дигарро доранд. Калонсолон бояд бовар ҳосил намоянд, ки иттилооте, ки кўдакон мегиранд, ба онҳо зарар намерасонад. Ҳукуматҳо бояд воситаҳои ахбори оммаро ба пахш намудани иттилоот аз сарчашмаҳои гуногун, ба забонҳои барои кўдакон фаҳмо ҳавасманд гардонанд.

CRc18

Падару модар шахсони асосии масъул барои тарбияи кўдак ҳастанд. Агар кўдак аз падару модар маҳрум бошад, ин вазифа ба калонсоли дигар вогузошта мешавад, ки «васӣ» номида мешавад. Падару модар ва васиҳо ҳамеша бояд ба манфиати беҳтарини кўдак амал кунанд. Ҳукуматҳо бояд дар ин ба онҳо мусоидат намоянд. Агар кўдак ҳарду волидонро дошта бошад, онҳо ҳарду масъулияти тарбияи ўро бояд бар дўш дошта бошанд.

CRC19

Ҳукуматҳо бояд кўдаконро аз зўроварӣ, бадрафторӣ ва муносибати беэътиноӣ аз тарафи ҳар шахсе, ки кўдакро нигоҳубин мекунад, ҳимоя намоянд.

CRC20

Ҳар кўдаке, ки оилаи худаш ўро нигоҳубин карда наметавонад, ҳуқуқ ба гирифтани нигоҳубини муносиб аз тарафи одамонеро дорад, ки ба дин, фарҳанг, забони кўдак ва дигар ҷанбаҳои ҳаёти ў эҳтиром мегузоранд.

 

CRC21

Ҳангоми ба фарзандхондӣ қабул кардани кўдак таъмини манфиатҳои беҳтарини ў аҳамияти муҳимтарин дорад. Агар кўдак дар кишвари худ, масалан ҳангоми дар оилаи дигар зистан,  нигоҳубини муносиб гирифта натавонад, ў метавонад дар кишвари дигар ба фарзандхондӣ қабул гардад.

CRC22

Кўдаконе, ки кишвари худро ба сабабе тарк мекунанд, ки дар он мондан хатарнок аст ва ба кишвари дигар ҳамчун гуреза мекўчанд, бояд кўмак ва ҳимоя гиранд ва аз ҳамон ҳуқуқҳое бархурдор бошанд, ки кўдакони дар ин кишвар таваллудёфта доранд.

CRC23

Ҳар кўдаки маъюбиятдошта ҳуқуқ ба зиндагии то ҳадди имкон арзанда дар ҷомеаро дорад. Ҳукуматҳо бояд тамоми монеаҳоеро бартараф созанд, ки ба мустақил шудан ва дар ҳаёти ҷомеа фаъолона ширкат варзидани кўдакон бо шаклҳои гуногуни маъюбият халал мерасонанд.

CRC25

Кўдакон ҳуқуқ доранд аз хизматрасониҳои беҳтарини низоми тандурустӣ, оби тозаи нўшокӣ баҳраманд бошанд, ғизои солим гиранд ва дар муҳити тоза ва бехатар зиндагӣ кунанд. Ҳамаи калонсолон ва кўдакон бояд иттилоъ дошта бошанд, ки чӣ тавр бехатар монанд ва солим бошанд.

 

CRc26

Ҳолати ҳар як кӯдаке, ки берун муҳити оила бо мақсади нигоҳубин, таъмини хизматарасонии танудурустӣ ҷойгир карда шудааст, бояд ба таври мунтазам арзёбӣ крада шавад   то боварӣ ҳосил шавад, ки кўдак мушкилӣ надорад ва ҷойи сукунати ў мисли пештар ба манфиатҳои беҳтарини кўдак ҷавобгў аст.

CRC26

Ҳукуматҳо бояд ба кўдакон аз оилаҳои камбизоат ёрии моддӣ ё дастгирии дигар фароҳам оранд.

CRC27

Кўдакон ҳуқуқ ба ғизо, либос ва манзили бехатар барои инкишофи ҳамаҷонибаи худро доранд. Ҳукуматҳо бояд ба оилаҳо ва кўдаконе, ки имкони амалӣ кардани ин ҳуқуқро надоранд, ёрӣ расонанд.

 

CRC28

Ҳар кўдак ҳуқуқ ба таҳсилро дорад. Таҳсили ибтидоӣ бояд ройгон бошад. Таҳсилоти миёна ва олӣ бояд барои ҳар кўдак дастрас бошанд. Кўдак бояд ба гирифтани он сатҳи маълумоти мактабӣ ҳавасманд карда шавад, ки ба дараҷаи ниҳоӣ ба қобилиятҳои ў мувофиқ аст. Интизом дар мактаб бояд бо назардошти ҳуқуқҳои кўдакон ва бе истифода аз зўроварӣ ҳифз гардад.

 

CRC29

Таҳсил бояд ба кўдакон ба пуррагӣ дар инкишофи шахсият, истеъдод ва қобилиятҳояшон кўмак расонад. Бояд ба дарки ҳуқуқҳои худ аз тарафи кўдак ва дар кўдак тарбия шудани эҳтиром нисбати падару модар, ҳамчунин нисбати ҳуқуқҳо, фарҳанг ва тафовутҳои ба худ хоси одамони дигар мусоидат намояд. Таҳсил бояд ба онҳо ёрӣ расонад, ки зиндагии осоишта дошта бошанд ва муҳити атрофро ҳифз кунанд.

article 30

Кўдакон ҳуқуқ истифодаи забон, фарҳанг ва дини худро доранд, нвобаста аз он ки аксарияти аҳолие, ки дар кишвар зиндагӣ мекунад, аз онҳо истифода набаранд.

CRc31

Ҳар кўдак ҳуқуқ ба истироҳат, фароғат, иштирок дар бозиҳо, чорабиниҳои фарҳангӣ ва эҷодиро дорад.

CRc32

Кўдакон ҳуқуқ ба ҳимоя аз иҷрои кореро доранд, ки метавонад барои солимии онҳо хатарнок бошад, ба таҳсил ё инкишофи онҳо монеъ гардад. Агар кўдакон кор кунанд, онҳо ҳуқуқ ба шароити бехатар ва музди меҳнати одилонаро доранд.

CRC32

Ҳукуматҳо бояд кўдаконро аз истеъмоли маводи мухаддири хавфнок, истеҳсоли онҳо, интиқол ё тиҷорати ин навъ мавод ҳифз кунанд.

CRc34

Ҳукуматҳо вазифадоранд кўдаконро аз истисмори шаҳвонӣ (аз имкониятҳои ҷойдоштаи чунин мавридҳо) ва бадрафтории шаҳвонӣ, аз ҷумла аз тарафи одамоне, ки кўдаконро маҷбур месозанд бар ивази пул ба алоқаи ҷинсӣ машғул шаванд ё дар истеҳсоли маводи аксӣ ва видеоӣ бо муҳтавои шаҳвонӣ ширкат варзанд, ҳифз намоянд.

CRc35

Ҳукуматҳо бояд барои пешгирӣ аз ҳодисаҳои кўдакрабоӣ ва тиҷорати кўдакон, қочоқ ба кишварҳои дигар ё ҷойҳое, ки кўдакон мавриди истисмор қарор мегиранд, тадбирҳо андешанд.

CRC36

Кўдакон ҳуқуқ ба ҳимоя аз ҳама гуна шаклҳои дигари истисмор (аз имкониятҳои ҷойдоштаи чунин мавридҳо) доранд, ҳатто агар чунин шаклҳо дар Конвенсияи мазкур номбар нашуда бошанд.

 

CRC37

Нисбати кўдаконе, ки ба вайрон кардани қонун айбдор мешаванд, набояд ҳукми қатл, шиканҷа, муомилаи бераҳмона, ҳабси якумра ва нигаҳдорӣ дар маҳбас ҳамроҳи калонсолон истифода гардад. Ҳабс дар маҳбас танҳо ҳамчун чораи ниҳоӣ ва ба муддати то ҳадди имкон камтар ба кор бурда мешавад. Кўдакони аз озодӣ маҳрум бояд дастрасӣ ба ёрии ҳуқуқӣ ва имкони дар иртибот бо оилаи худ буданро дошта бошанд.

CRc38

Кўдакон ҳуқуқ ба ҳифз шуданро дар ҳолатҳои ҷанг доранд. Ҳеҷ кўдаке, ки ба синни 15-солагӣ нарасидааст, наметавонад ба артиш даъват гардад ё дар амалиёти ҳарбӣ ширкат варзад.

CRc39

Кӯдакон ҳуқуқи гирифтани кӯмакро доранд, агар нисбати онҳо муносибати бераҳмона  ва ё беэътиноӣ зоҳир шуда бошанд, ё дар рафти амалиёти ҷангӣ осеб дида бошанд, , то ки тавонанд саломатӣ ва шарафи худро барқарор намоянд.

CRC40

Кўдаконе, ки ба вайрон кардани қонун айбдор мегарданд, ҳуқуқ ба ёрии ҳуқуқӣ ва муомилаи одилонаро доранд. Чораҳои гуногунро ба хотири кўмак расондан ба онҳо дидан зарур аст, то ки онҳо аъзои манфиатовари ҷамъиятҳои худ шаванд. Ҳабс дар маҳбас бояд танҳо ҳамчун чораи ниҳоӣ ба кор бурда шавад.

 

CRC41

Агар қонунгузории давлат ҳуқуқҳои кўдаконро беҳтар аз Конвенсияи мазкур ҳимоя кунад, он қонунгузорӣ бояд ба кор бурда шавад.

CRc42

Ҳукуматҳо бояд ба кўдакон ва калонсолон дар бораи Конвенсияи мазкур бо ҳадафи баланд бардоштани сатҳи огаҳӣ аз ҳуқуқҳои кўдакон васеъ иттило диҳанд.

CRc43

Моддаҳои 43-54. Дар моддаҳои мазкур шарҳу тафсирот доир ба он ҷой дода шудааст, ки ҳукуматҳо, Созмони милали муттаҳид (аз ҷумла Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқҳои кўдак ва ЮНИСЕФ), ҳамчунин дигар созмонҳо ба хотири ба кўдакон таъмин намудани имконияти истифода бурдан аз тамоми ҳуқуқҳои доштаашон кадом корҳоро анҷом медиҳанд.