Илми бозӣ

Он на танҳо шавқовар, балки асоси инкишофи кӯдаки шумост.

ЮНИСЕФ
A mother playing musical instrument with her daughter
UNICEF/Tajikistan/2022/M.Ruziev

Оё шумо медонед, ки дар се соли аввали ҳаёт асаби кӯдаки шумо нисбат ба дигар давра фаъолтар инкишоф меёбад? Ин афзоиши хеле назаррас аст! Хабари хуш ин аст, ки яке аз роҳҳои беҳтарини дастгирии инкишофи кӯдаки шумо воқеан хеле содда буда, барои ҳардуятон шавқовар аст.

Дар аввал, метавонад чунин ба назар расад, ки бозӣ танҳо барои хушҳолӣ аст, аммо барои тифлон ва кӯдакон он аҳамияти бештар дорад. Он воситаи омӯзиш ва ташаккули малакаҳои муҳими ҳаёт – аз ҳалли мушкилот то изҳори идеяҳо – ва таҳкими робитаи байни ҳардуи шумо мебошад. Ниҳоятан, шумо аввалин омӯзгор ва шарики бозии кӯдаки худ ҳастед! 

Мо бо LEGO Foundation муттаҳид шудем, то асосҳои илмии он, ки чӣ гуна шумо ба инкишоф ва афзоиши кӯдакатон дар давоми ин гуна бозиҳо кӯмак расонида метавонед, омӯзем.

little toddler is building a tower out of lego blocks
UNICEF/Tajikistan/2023/ D. Dodojonov
Ҳангоми манора сохтан онҳо малакаҳои ҷисмониро машқ мекунанд


Ҷобаҷогузории ашёҳо ба онҳо кӯмак мекунад, то ҳаракат ва фазоро тавассути машқ кардани малакаҳои сенсомоторӣ ва рушди дарки фазоӣ фаҳманд. Ин маҷмӯи малакаҳо барои тарбияи ҷисми солим ва фаъол муҳиманд. Бо кӯдаки худ вақт гузаронида аҳамият диҳед, ки онҳо чӣ месозанд, чӣ гуна садоҳо мебароранд ва қиёфаи худро иваз мекунанд ва бо навбат ашёро ба сохтор илова кунед – бинед, ки шумо то кадом баландӣ расида метавонед!

Ҳангоме ки шумо якҷоя руст-рустакон бо ашёҳо бозӣ мекунед, онҳо малакаҳои маърифатиро ташаккул медиҳанд 


Иҷрои вазифаи мураккаб (вале шавқовар!), ба монанди пинҳон кардан ва ёфтани ашёи рӯзгор, ба кӯдаки шумо кӯмак мекунад, то равона кардани диққат, қобилияти ҳалли мушкилот ва тағийрпазирии тафаккурро машқ кунад. Онҳо ҳалли мушкилоти мураккаб ва таҳияи стратегияҳои самараноки рафъи монеаҳоро меомӯзанд. Агар кӯдаки шумо лаҳзае рӯҳафтода ба назар расад, ба ӯ маслиҳатҳои муфид диҳед, аммо гузоред, то роҳи ҳалро мустақилона пайдо кунад.

A baby girl smiling
UNICEF/Tajikistan/2022/M.Ruziev
Бо баровардани садоҳои хандаовар онҳо малакаҳои иҷтимоиро ташаккул медиҳанд

Хурдон табиатан барои муошират ба воситаи анг-унг гуфтан, қиёфа ва имову ишораҳо кӯшиш мекунанд. Таваҷҷӯҳ додан ба кӯдакатон, номбар кардани амалҳои онҳо ва посух додан, мутобиқ кардани назар, овоз ва ҳаракатҳои шумо, ба ташаккул ва таҳкими робитаҳои нейронӣ дар мағзи онҳо, ки ба рушди малакаҳои муошират ва иҷтимоӣ мусоидат мекунанд, кӯмак мерасонед. Ин гуна доду гирифт инчунин робитаи байни шумо ва кӯдакатонро мустаҳкам мекунад.

Бо хондани суруд ва рақс, онҳо малакаҳои эҳсосиро ташаккул медиҳанд


Фаҳмиш, идоракунии эҳсосот ва ифодаи онҳо тавассути ташаккули худогоҳӣ ва идоракунии ангезаҳо барои рушди эҳсосотии кӯдаки шумо ва некӯаҳволии ӯ дар тӯли ҳаёт бениҳоят муҳим аст. Сурудхонӣ ва рақс як роҳи олии ифода ва нишон додани эҳсосот аст! Онро тавассути сурудхонӣ ё рақс ба як машғулияти наздиккунанда табдил диҳед.

a little boy is drawing
UNICEF/Tajikistan/2024
Тариқи расмкашӣ аз хаёлоти худ онҳо малакаҳои эҷодиро инкишоф медиҳанд

Вақте ки кӯдаки шумо мешинад ва дунёи худро ба рӯи коғаз тасвир мекунад, ӯ фикру хаёли худро баён менамояд ва онҳоро ба воқеият табдил медиҳад. Баъдан лаҳзае ки онҳо расмкаширо ба итмом мерасонанд, аз онҳо хоҳиш кунед, ки дунёи офаридаашро ба шумо шарҳ диҳанд ва дар бораи чизҳои медидаатон саволҳо диҳад.

Хабари хуш ин аст, ки кӯдакон барои бозӣ ва омӯзиш ба бозичаҳои гаронбаҳо ниёз надоранд. Дар асл, эҳтимолан дар хонаи шумо барои бозии шавқовар ва сурурбахш бо кӯдаки худ ҳама чизи лозима мавҷуд аст.

Хушҳолӣ кунед!