#ЯкҷояДарХона

Маслиҳатҳо барои волидайн

ЮНИСЕФ
с1
@sanginoff
✍️ Илм тасдиқ кардааст, ки кӯдакон тариқи бозӣ меомӯзанд. Бинобар ин, мо барои шумо ва кӯдаконатон силсисаи бозӣ ва дигар машғулиятҳои хонагӣ ва оилавии #ЯкҷояДарХона– ро ҷамъ овардаем.
🏠 Муҳим нест, ки шумо дар ҳавлӣ ё бинои серошёна зиндагӣ мекунед. Ин машғулиятҳо ба ҳама мувофиқ меоянд!
Дар ҳар яке аз постерҳои зерин чӣ тавр муфид ва диққатҷалбкунанда вақтро бо кӯдакон дар хона гузаронданро мо аёнӣ нишон медиҳем.
🎨🎤🎹 Ба шумо вақтгузаронии шавқовар ва бомаърифати якҷояро таманно дорем!
с2
@sanginoff
1. Бо фарзандонатон якҷоя дар ҳаракат бошед!

Вазъи боду ҳаво ва муҳити зист, инчунин  хуруҷи коронавирус ба фаъолияти берун аз хонаи кӯдакон монеъ шуда метавонад. Аммо хавотир нашавед, чунки мо новобаста аз ин метавонем дар хона баъзе бозиҳоро бо кӯдакон бозӣ намоем, то ин ки дар давоми ҳафтаи дар хона қарор доштан тавоноии онҳоро нигоҳ дорем.

Сохтани хонаи тортанак: Бо ресмон хонаи тортанакро дар ягон кунҷи хона созед (масалан байни ҷевонҳо, ё дар зери мизи хӯрокхӯрӣ ва ё дар долон). Моҳияти бозӣ аз он иборат аст, ки кӯдакон бояд аз байни ресмон ба он нарасида гузаранд. 

Партофтани ҷӯробҳо: Ҷӯробҳои тозаро ва сабадро ҳамчун дарвоза омода намоед. Андаке дуртар аз сабад истода ҳаракат намоед то қадри имкон ҷӯробҳоро ба сабад партоед.

с3
@sanginoff
2. Якҷоя бо кӯдакатон хӯрок омода намоед.

Оё Шумо медонед, ки омода намудани хӯрок бо кӯдакон якчанд имтиёзҳои худро дорост, ки ба онҳо инкишофи иҷтимоию эҳсосӣ; забон; қобилияти идрок ва инкишофи ҷисмонӣ дохил мешавад?

Ҳангоми пухтупаз кӯдакони хурдсол ва ҳамчунин кӯдакони синну соли томактабӣ метавонанд аз уҳдаи иҷро намудани амалҳо оддитарин бароянд: омехтани хамир, омода намудани чалпак, чидани кабудиҳо аз боғи наздиҳавлигӣ, шустани сабзавот ва ҷамъ намудани дастархон. 

Барои ҷалб намудани падарон ва дигар  шахсоне ки дар оила якҷоя зиндагӣ мекунанд дар раванди омода намудани хӯрок.

с4
@sanginoff
3. Бо кӯдаконатон ҳикояҳо эҷод намоед ва ба онҳо нақл кунед.

Бо фарзанди худ китоб эҷод намоед: Лаҳзаҳоеро бо кӯдакони худ ба хотир оваред, ки дар он Шумо бештар ханда карда будед, дилхоҳ ҳодисаи хеле хандовар, ки бо Шумо дар оила ба амал омада буд.

Барои омода намудани китоб, саҳифаҳои он Шумо метавонед аз маводҳои мавҷуда истифода баред, кӯдакон метавонанд расми ҳикояро кашанд ё расмҳоро аз маҷаллаҳои сайру сайёҳӣ интихоб намуда, муқоваи онро бо хоҳиши худ ороиш диҳанд ё нависанд агар онҳо онро дар шакли нақл намудани ҳикоя бо расмҳо иҷро карда тавонанд.

с5
@sanginoff
4. Ташкил намудани кофтукови ҷавоҳирот дар хона.

Маҷмӯи аломатҳоро барои муваффақ гардидан дар кофтукови ҷавоҳирот дар хона омода намоед. Аломатҳо метавонанд дар шакли саволҳои оқилона бошанд, ки барои дарёфт намудани кунҷҳо ва чизҳо дар гирду атрофи хона, ки кӯдакон то қадри имкон намедонистанд онҳо барои чӣ буданд, кӯмак мерасонанд.

Барои кӯдакони хурдсол, Шумо метавонед ҳарфҳои алоҳидаро пинҳон намоед ва пас аз ҷамъоварии онҳо аз кӯдакон хоҳиш кунед, ки калимаҳо аз ҳарфҳои дарёфтшуда тартиб диҳанд.

c6
@sanginoff
5. Эҷодкорӣ намоед. Аз қуттиҳо компютер созед.

Кӯдакон аз маводҳои аз нав кордшавандаи дастрас компютер ва клавиатураи худро месозанд. Моҳияташ он аст, ки аз қуттии картон ё қоғазин сохтани монитор, аз қуттӣ барои тухм сохтани клавиатура ва дар болои клавиатура кашидани ҳарфҳо ва рақамҳо ва гузоштани сурат дар рӯйи монитор.

Роҳи дигар ин сохтани хонае, ки кӯдакон мехоҳанд созанд.

с7
@sanginoff
6. Бо мусиқӣ машғул шавед-оиди консерти хонагӣ чӣ ақида доред?

Барои ин машғулият дегча, тоба, зарфҳои пластикӣ, дегча ва қошуқҳо лозим мешаванд. Якҷоя онҳо суруди писандидаашонро пайдо намуда ва ошхонаро ба хонаи мусиқӣ табдил медиҳанд.

Вазни сурудро пайравӣ намуда, бо зарфҳо чунин месароянд монанди оне, ки ба гурӯҳи мусиқӣ тааллуқ дошта бошанд.

с8
@sanginoff
7. Шустушӯйи либосҳо, бозичаҳо ё зарфҳо бо кӯдакон.

Мошинчаҳо/шаклҳо/лухтакҳо/ ҳайвонҳои хурд ва ғайраро гиред. Дар назди дастшӯяк гузоред. Дастшӯякро бо кафк пур намоед. Дар тарафи дигар сатили обро барои обгардон намудани бозичаҳо омода созед. Дар охир онҳоро бо сачоқ хушк намоед.

Ба кӯдакони синни томактабӣ Шумо метавонед шустани ҷуробҳо ва рӯймолчаҳо, хушк намудани онҳро дар берун бо қаппакҳо нишон диҳед.

с9
@sanginoff
8. Бо кӯдакатон хонаро ба тартиб оред.

Волидайн ё парасторон метавонанд аз имконият истифода бурда, ба кӯдакон баъзе аз оддитарин малакаҳои ҳаётиро омӯзонанд. Яке аз онҳо ин таҳ намудани либосҳо! Биёед ин наворро тамошо намоем, он хеле шавқовар аст!

Роҳи дигар: Ба тартиб даровардани намудани бозичаҳо (хурду калон, мошинчаҳо, бозичаҳо ва ғайраҳо); ба тартиб даровардани намудани пойафзол дар коридор.

с10
@sanginoff
9. Бозии “ман мебинам” ё “ман медонам”.

Бо истифодаи бозии оддии “ман медонам” ё “ман мебинам” дониши математикӣ ва забониро машқ диҳед. Ба шакли одди бо гуфтани “ман дар ин ҳуҷра ашёи кабудро мебинам” оғоз намоед ва бигзор кӯдакон барои дарёфт намудани ашёҳои интихоб шуда бештар савол диҳанд. Онҳо то дарёфти ашёи лозима, метавонад савол диҳанд.

Шумо метавонед аз ибораҳои гуногун истофода баред то ба кӯдакон кӯмак расонед. Ба монанди “ман чизи хурду даврашаклро мебинам” ва ё “ман чизи нарм ва сафедро мебинам”.

с11
@sanginoff
10. Тасаввуроту эҷодкориро инкишоф диҳед! 

Бо истифода аз ҷойпӯшҳо, курпаҳо, болиштҳо, курсиҳо қалъача созед.  Сохтмонро саросемавор ба анҷом нарасонед ва гузоред, то кӯдакон низ дар сохтмони он иштирок намоянд.

Агар Шумо дар даст қуттии картонӣ дошта бошед, пас эҷодкорӣ зоҳир намоед. Кӯдакон бо чизҳои оддӣ ба монанди қуттиҳои картон бозӣ карданро дӯст медоранд! 

c12
@sanginoff
11. Бо фонусчаҳо – “фонарикҳо” бозӣ кунед.

Аз фонусчаҳо истифода бурда, бо кӯдаконатон дар девор шаклҳои гуногуни сояҳоро намоиш диҳед. Ин хеле шавқовар мебошад, махсусан агар Шумо тавасуути сояҳои лухтакҳо метавонед ҳикоя эҷод намоед. 

Шумо метавонед кӯдакони синни томактабии калонсолро бо алифбои Морзе шинос намоед ё ин ки як ҷашнии рақсиро бо фонусчаи даргирон барпо намоед.

c13
@sanginoff
12. Ба бозиҳои анъанавӣ аз кӯдакии худ машғул шавед.

Бозиҳои халқӣ ё анъанавӣ метавонад аз машғулиятҳои дӯстдоштаи волидайн ва кӯдакон гардад. Ин бозиҳо метавонанд ба рушди равони ва ҷисмонии кӯдакон таъсири хуб расонанд.

Мумкин аст, ки кӯдакон дар бораи бозиҳои халқӣ кам донанд. Бинобар ин ин имконияти хуб барои ба ёд овардани хурдсолии падарону

c14
@sanginoff
13. Биёед математикаро  меомӯзем!

Бозии хисобкунӣ: Бо истифода аз чӯбчаҳои ҳисобкунӣ, ки Шумо метавонед дар хона пайдо кунед, ба кӯдакон ҳисобкунӣ ва ҳалли масъалаҳои одии математикиро омӯзонед.

Сохтани шаклҳо: Бо истифода аз қоғазҳои рангоранг, шумо метавонед шаклҳои гуногуни математикиро ба монанди секунҷаҳо, доираҳо ва чоркунҷаҳо расм кашида, таёйр намоед.  Кӯдакон метавонанд аз онҳо расму шакли хонаҳо ва ё ашёҳоро созанд.

с15
@sanginoff
14. Филмӣ кӯтоҳ созед! 

Қадами 1: Бо кӯдакон мавзӯъҳое, ки онҳо расмашонро кашида метавонанд муҳокима намоед. Масалан, фаъолияти рӯзонаи кӯдак ё афсона.

Қадами 2: Бо кӯдакон расм кашед.

Қадами 3: Наворро барои нақл кардани ҳикоя сабт намоед. Ин наворро ҳамчун намуна тамошо кунед