Маҷмӯаи дафтарҳои кисагӣ оид ба ғизои наврасон

Дар доираи Фонди муштараки Ҳадафҳои рушди устувор

healthy lifestyle SDG during one of the food festivals in Dusti region
UNICEF/Tajikistan/Manucher Ruziev

Highlights

Бо мақсади дастгирии ташаккули одатҳои солими ғизохӯрӣ дар давраи наврасӣ ЮНИСЕФ дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯаи шаш дафтари амалии кисагиро таҳия намуд. Ин дастурҳо барои гурӯҳҳои асосие пешбинӣ шудаанд, ки ба саломатӣ ва некӯаҳволии наврасон таъсир мерасонанд: наврасон, падару модар, омӯзгорон, кормандони соҳаи тандурустӣ, роҳбарони ҷомеаҳо ва ходимони динӣ.

Дар дафтарҳо тавсияҳои фаҳмо ва мувофиқ ба ниёзҳои ҳар як гурӯҳ оид ба ғизои солим, ғизои мутавозин, истеъмоли кофии об, фаъолияти ҷисмонӣ ва аҳамияти ғизои дуруст дар давраи наврасӣ пешниҳод шудаанд. Ин дафтарҳо ҳамчун маводи амалии маълумотӣ таҳия гардида, ба ҳар як гурӯҳи мақсаднок барои ташаккули рафтори мусбати ғизохӯрӣ дар байни наврасон дониш ва тавсияҳои мушаххасро пешниҳод мекунанд.

Бо ҷалби ҳам наврасон ва ҳам калонсолоне, ки ба муҳити ҳаррӯзаи онҳо таъсир мерасонанд, ин маҷмӯа ба равиши тағйири иҷтимоӣ ва рафторӣ асос ёфтааст. Ҳадафи он фароҳам овардани муҳити дастгиркунанда дар оилаҳо, мактабҳо, муассисаҳои тандурустӣ ва ҷомеаҳо мебошад, то наврасон тавонанд интихоби солим дошта бошанд ва имкониятҳои худро пурра амалӣ созанд.

Publication date
Languages
Tajik