Бе иштироки мо - амале нест
Даъвати ҷавонон ва кӯдакон ҷиҳати пешбурди чораҳои муштарак барои таъмини дастрасии ҳамагон ба об ва беҳдошт.

- Дастрас аст ба:
- English
- Тоҷикӣ
Аз 6 то 9 июни соли ҷорӣ шаҳри Душанбе бори дигар дар меҳвари рӯзномаи ҷаҳонии об қарор гирифт. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кишвари пешсаф ва ташаббускор ҷиҳати пайгирии устувории об дар ҷаҳон, дар якҷоягӣ бо ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид (СММ) 2-юмин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амалро баргузор намуд. Боиси зикр аст, ки Конфронси мазкур дар пешорӯи баргузории Конфронси оби СММ дар соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк мебошад. Дар чаҳорчӯби Конфронс 6 форуми панели мавзӯӣ ва интерактивӣ, аз ҷумла «Форуми об барои ҷавонон ва кӯдакон», ки аз ҷониби ЮНИСЕФ, кори худро бомуваффақият анҷом доданд, ки дар рафти онҳо мавзӯҳои густурда дар доираи масъалаҳои об мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Кохи Наврӯз, як сохтори меъморӣ – ҳамчун, рамзи оғози нав, ки суннатҳои мардумии тоҷиконро намоиш медиҳад, мизбони «Форуми об барои ҷавонон ва кӯдакон», ки дар он садҳо ҷавонон ва сиёсатмадорону намояндагони ҳукуматҳо аз саросари ҷаҳон иштирок намуданд. Дар рафти форум масъалаҳои глобалӣ ва минтақавии об, бо таваҷҷӯҳи махсус ба нақши ҷавонон дар таъмини дастрасии ҳамагон ба об ва беҳдошт мавриди мубоҳиса қарор гирифтанд.
Ман бесаброна интизори идомаи фаъолиятамон, ки мо дар шаҳри Дакар бо қабули Изҳороти ҷавонон дар пешорӯи Конфронси оби СММ барои соли 2023 оғоз карда будем, ҳастам. Ин Изҳорот ҷиҳати ҳамгироии ҷавонон аз саросари ҷаҳон барои муайян намудани авлавиятҳоямон дар самти об дар ҳамкорӣ бо ҳукуматдорон мусоидат менамояд. Ин як имконияти хуб барои мо, ҷавонон, мебошад, то мо тавонем дар чӣ қодир ва омода буданамон дар ноил шудан ба Ҳадафи 6-ум нишон диҳем.

Илова бар ин, форум ба иштирокчиёни ҷавон имкон дод, ки масъалаҳои мубрам, амнияти об барои ҷавонон, нақши ҷавонон дар ҳалли ин масъалаҳо ва густариши ҳамкориҳоро бо ҳукуматҳо ва шарикони рушд баррасӣ намоянд.
“Ҷавонон метавонанд ба тағйироти навбатӣ такони воқеъӣ бахшанд. Мо бояд ин қудрати ҷавононро қадрдонӣ кунем."
Дар ҷараёни форум масъалаҳои об ва ҳалли эҳтимолии онҳо мавриди муҳокимаи пешвоёни ҷавон ва коршиносони калидӣ қарор гирифтанд. Дар рафти мубоҳисаи Ҳадафҳои рушди устувор, ҷавонон роҳҳои ҳалли инноватсионии дастрасии ҳамагон ба об баррасӣ намуда, нақша ва рӯзномаи рушди ҷавононро дар соҳаи об ва иқлим пешниҳод намуданд. Инчунин, як намоишгоҳ доир гардид, ки дар он мактаббачагон фикру андешаҳои худро оид ба масъалаи устувории захираҳои об аз нуқтаи назари тағйири иқлим баён намуданд.


Дар қисмати ҷамъбастии форум намоиши воқеияти маҷозӣ (виртуалӣ) ва таронаи «Об ва иқлим» дар иҷрои гурӯҳи ҷавонони кишварҳои Осиёи Марказӣ муаррифӣ гардиданд. Намоишгоҳи ин воқеияти маҷозӣ ба иштирокчиён имкони беназир фароҳам овард, то бо гуногунии захираҳои оби Тоҷикистон, низоми идоракунӣ ва тақсимоти онҳо ва истифодаи онҳо дар шароитҳои гуногун аз наздик шинос шаванд.


Таронаи «Об ва иқлим» дар навбати худ намунаи барҷастаи ба ҳам овардани кӯдакону ҷавонон ва баёни андешаҳои онҳо оид ба масъалаҳои об ва иқлими ҷаҳонӣ мебошад. Ин таронаро Алияи 11-сола ва Тупчии 14-сола навишта, онро як гурӯҳи мусиқавии касбии ҷавонони кишварҳои Осиёи Марказӣ иҷро кардааст. Чунин василаи таблиғи ин мавзӯъ на танҳо кӯдакон ва ҷавононро дар ҳалли мушкилоти об ба ҳам овард, балки имкон дод, ки овози онҳо аз ҷониби ҳукуматдорон ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ шунида шаванд.
Надоштани дастрасӣ ба об-воқеият барои миллионҳо кӯдакон
Боиси зикр аст, ки зиёда аз 1 миллиарду 420 миллион нафар, алалхусус, 450 миллион кӯдак, дар минтақаҳое зиндагӣ мекунанд, ки ба камбудии об хеле осебпазиранд. Ин маънои онро дорад, ки аз ҳар панҷ як кӯдак дар ҷаҳон барои қонеъ кардани ниёзҳои ҳаррӯзаи дастрас набудани оби кофӣ хиҷолат мекашанд. Дар ин маврид, форуми мазкур ба як минбари тарғиби садои кӯдакону ҷавонон табдил ёфта, ба намояндаи ҷавони Тоҷикистон Алия Эраҷи 11-сола имкон дод, то дар назди вазирон ва роҳбарони созмонҳо суханронӣ намояд. Лаҳзае, ки Алия даъват кард, ки як рӯзро бе об, бе имконияти нӯшидан, дастҳоро шӯстан, бе лаззат бурдан аз пиряхҳо ва дарёҳо тасаввур кунанд, ба иштирокчиён таассуроти хеле қавӣ бахшид. Ӯ, инчунин, таъкид кард, ки ин танҳо як амали тавассурот нест, балки воқеияти аллакай мавҷудбуда барои зиёда аз як миллиард кӯдакон мебошад. "Ин зиндагии онҳо, воқеияти онҳост», - гуфт Алия.
Вақте кӯдакон бо дарёфти об банд нестанд, онҳо барои ба мактаб рафтан вақт пайдо менамоянд. Вақте ба оби бехатар дар наздикии хона дастрасӣ пайдо мешавад, кӯдакон бо дӯстони худ бозӣ мекунанд ва боз ба давраи бачагӣ бармегарданд. Вақте мактабҳо бо оби тоза таъмин ҳастанд, қоидаҳои гигиенӣ ва санитарӣ риоя карда мешаванд, кӯдакон бехатар ва солим ба воя мерасанд. Муҳити омӯзишӣ беҳтар мегардад ва кӯдакон бештар дар дарсҳо иштирок мекунанд.

Садои ҷавонон
Иштирокчиёни ҷавон имкон доштанд, ки мавқеъи худро оид ба устуворӣ ва амнияти захираҳои об баён намуда, амалҳои муштаракро барои ноил шудан ба Ҳадафи рушди устувор оид ба оби тоза пешниҳод намоянд.
"Мо, ҷавондухтарон ва ҷавонписарони кулли давлатҳои ҷаҳон, аз ҳама ҷонибҳои манфиатдор: ҳукуматдорон, тамоми ниҳодҳои СММ, созмонҳои байналмилалӣ, ширкатҳои хусусӣ ва созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ хоҳиш менамоем, ки ӯҳдадориҳои худро оид ба таъмини дастрасии ҳамагон ба оби ошомиданӣ, санитария ва гигиена дар ҷамоатҳо идома диҳанд. Мактабҳо танҳо бо ин роҳ метавонанд насли наврасро солим ба воя расонанд. Танҳо дар ин гуна шароит насли наврас метавонад таҳсили худро давом дода, маҳорату маллакаи худро ба пурра сайқал диҳад»,- Дионнон Алландигуим, ҳамоҳангсози созмони “Садои ҷавони Сахел /Чад.

Ҷавонон ояндасози имрӯзу фардо
Форуми мазкур як қадами муҳим дар самти фароҳам овардани шароит барои иштироки фаъолонаи ҷавонон буда, ҳамчун марҳилаи ниҳоӣ дар пешорӯи Конфронси оби СММ-2023 дар шаҳри Ню-Йорк ба ҳисоб меравад. Хулосаҳои асосии форум :
- Ҷавононро на ҳамчун пешвоёну ҳукуматдорони оянда, балки бояд ҳамчун коршиносони имрӯза, ки дар таҳкими ин ҳамкориҳо нақши муҳим бозида метавонанд, ҳавасманд гардонид. Агар чавонон ба вазифаҳои роҳбарикунанда даъват нашаванд, дигаргунсозӣ имконнопазир аст.
- Ақидаҳои пешқадами ҷавонон ба платформаҳо ниёз доранд, то таҳия, маблағгузорӣ ва амалӣ гарданд. Ҷиҳати таҳқими эҷодкории ҷавонон ва барои ба воқеият табдил додани чунин ақидаҳо бояд бо созмонҳои калидӣ ҳамкориҳои зич ба роҳ монда шавад. 30 Ҳадафи 30 30 30: Ноэми Плумиер (мушовири оид ба корҳо бо ҷавонони Коалитсияи об ва иқлим) барои ҷавонони то синни 30-сола ҳадафи нав гузоштааст, то ҷавонон то соли 2030 ба 30% намояндагӣ ва иштирок дар ҳама сатҳҳо оид ба ҳалли масъалоҳои об ва иқлим ноил шаванд.
- Кӯдакону ҷавонони имрӯза пешсафону ҳукуматдорони фардоянд. Кӯдакон бояд дар самти фаъолиятҳои об ба таври баробар ҷалб карда шаванд, то ҳукуматдорони имрӯза тавонанд ба ҷавонон роҳҳои идоракунӣ ва ҳалли масаъалаоро омӯзонанд.
«Агар мо бо камоли масъулият фикру амал намоем ва дар беҳбудӣ ва идоракунии захираҳои об саҳмгузор бошем, пас ман боварии комил гуфта метавонам, ки мо аз қаҳрамонони миҷозӣ ҳеҷ камие надорем. Аммо барои қаҳрамон шудан пироҳани қаҳрамонӣ лозим нест, танҳо бо дили мехрубон ва дасти ёрӣ метавон дар ҳалли мушкилоти дигарон кӯмак кард. Барои кӯмаки эхтиёҷмандон, ва алалхусус, кӯдакон суботкор, дурандеш, фидокор ва ғамхор будан басанда аст. Аз ин лиҳоз, аз ҳукуматдорон даъват ба амал менамоям, то бо қатъият, масъулият ва сиёсати оқилона барои ҳифзи об дар саросари ҷаҳон ва пешбурди адолат қадам гузоранд. Мо, кӯдакон, дар таҳия ва навиштани таърих ва ояндаи бехатар барои наслҳои ҳозира ва оянда дар кӯмаки Шумо ниёз дорем." – қайд кард Алия.