Муҳити бехатар
Мактабҳои устувор – ҷомеаи устувор

Мушкилот
Дар Тоҷикистон кӯдакон ба офатҳои табии ва техногенӣ хело осебпазиранд. Аз ҷумла, ба заминларза, сел, ярч, обхезӣ ва тарма.Аксарияти кӯдакон (88.3%) дар минтақаҳои таҳти хатари баланди сейсмикӣ қарордошта зиндагӣ мекунанд.
Инфрасохтори номуносиби мактабҳо, ки ба чунин офатҳои табии тобовар нест, хатари назаррасро ба ҳаёт ва некуаҳволии кӯдакон эҷод намуда, ба низом хисороти зиёди иқтисодӣ мерасонад. Инчунин, боиси халалдоршавӣ ва зарари ҷиддӣ ба соҳаи маориф низ мегардад.
Тақрибан 26% мактабҳо дар шаҳрҳо ва 50% мактабҳо дар деҳот тавассути қубур дар мактаб ё ҳавлии он ба оби тоза дастрасӣ надоранд.
Аксарияти мактабҳо танҳо ҳоҷатхонаҳои оддӣ доранд, ки барои писарон ва духтарон алоҳида мебошанд. Хонандагони синфҳои болоӣ (аз синфи 5 боло) дар мактаб одатан аз ҳоҷатхона истифода намебаранд. Набудани оби тоза, ҳоҷатхонаҳои муносиб, воситаҳои беҳдошт ҳангоми ҳайз ва ҷои хилват аксар вақт духтарони наврасро водор месозанд, ки ба дарсҳо нараванд.
18% духтарон, ки дар доираи тадқоқоти ЮНИСЕФ оид ба кӯдакони аз мактаб берун дар пурсиш иштирок намудаанд, шароити бади санитариро сабаби асосии нарафтан ба мактаб номбар намуданд.
Мактабҳои устувор – ҷомеаи устувор
Дар назардошт бо осебпазирии Тоҷикистон ба офатҳои табиие мисли ярч ва заминларза, ЮНИСЕФ ҳамгироии масъалаҳои паст намудани хатари офатҳоро дар барномаҳои миллии таълимӣ ва барномаҳои омодасозии омӯзгорон дастгирӣ хоҳад намуд.
Дар гузаронидани арзёбии ҳамаҷонибаи бехатарии мактабҳо ЮНИСЕФ ва дигар шарикони рушд Вазорати маориф ва илмро дастгирӣ менамоянд. Арзёбии мазкур имконият медиҳад, ки оид ба осебпазирии мактабҳо ба хатарҳо маълумот пайдо намуда, тавсияҳо барои сармоягузорӣ таҳия карда шаванд. Он дар навбати худ ҳамгироии масъалаҳои бехатарӣ ба инфрасохтори мавҷуда ва нави мактабиро таъмин менамоянд.
Бо мақсади мусоидат намудан ба бунёди шароити мусоид дар низоми маориф ЮНИСЕФ бо шарикон ҳамкорӣ менамояд. Шароити мазкур баҳри ҳифзи кӯдакон ҳангоми офатҳои таббии ва бунёди иншоотҳои бехатари таълимӣ муосидат хоҳанд намуд. Чорабиниҳои он ба омода намудани кӯдакон, ҷомеа ва аҳолии маҳаллӣ ба офатҳои имконпазир ва паст кардани зарари онҳо равона шудаанд. Кӯдакон, омӯзгорон ва дигар аъзоёни ҷомеа дар самти дарк ва идораи хатар омода карда мешаванд. Инчунин, тадбирҳои паст кардани хатарҳо, таъмини омодагӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда дар натиҷаи обхезӣ, яч, заминҷунбӣ ва дигар хатарҳо омӯхта мешаванд.
Бо мақсади мусодат намудан ба таъмини об, санитария ва беҳдошти (WASH) устувор барои ҳамагон, дар такмили таъминоти мактабҳо ва муассисаҳои таълимии алоҳида бо оби тозаи ошомиданӣ, шароити беҳтари санитарӣ ва таълим оид ба санитария ва беҳдошт барои ташаккули тарзи ҳаёти солим ЮНИСЕФ саҳми худро мегузорад.
Дар илова ба барномаи ҳамгирои таъмини таҷҳизоти сантехникӣ барои WASH, ЮНИСЕФ таваҷҷуҳи худро ба пешбурди масъалаҳои сиёсати такмили вазъият дар мактабҳо равона кардааст. Инчунин, бо мақсади тавсеаи дастрасии занон ва кӯдакон ба самтҳои алоҳидаи афзалиятноки лоиҳа дар Тоҷикистон диққат ба беҳдошт ва санитария равона карда шудааст. Барои расидан ба ин ҳадаф ЮНИСЕФ бо Вазорати энергетика ва захираҳои об (ВЭЗО), Вазорати маориф ва илм (ВМИ) ва Вазорати тандурурстӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ (ВТҲИА) ҷиҳати татбиқи чорабиниҳои зарурӣ дар сатҳҳои давлатӣ ва вилоятӣ ҳамкории зичро ба роҳ мондааст.