Тавонмандсозии духтарон дар Тоҷикистон ҷиҳати эҷоди роҳҳои ҳали инноватсионӣ ва табдилдиҳанда барои дигаргуниҳои иҷтимоӣ, инчунин баланд бардоштани сатҳи фаъолнокии шаҳрвандии онҳо

ЮНИСЕФ форуми сатҳи миллиро оид ба технологияҳо ва инноватсияҳо баргузор намуд, ки он ба ҷалби духтарон ба соҳибкории иҷтимоӣ, технологияҳои иттилоотӣ (ТИ), технологияҳо ва STEM, инчунин шуғли ояндаи онҳо бахшида шуда буд.

20 Октябр 2022
Expo UPSHIFT
UNICEF/Tajikistan/2022/M. Ruziev
The Minister of Labor, Migration and Employability of Republic of Tajikistan, H.E Shirin Amonzoda is attending the UPSHIFT expo of social entrepreneurship projects led by girls.

20 октябри соли 2022 | ДУШАНБЕ - Ба муносибати 10 солагии Рӯзи байналмилаии духтарон (РБД) намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Форуми миллии «UPSHIFT/Tech4Development»-ро баргузор намуд, ки он ба ҷалби ҷавонон, хусусан духтарон ба раванди ҷустуҷӯи роҳҳои ҳали инноватсионӣ баҳри дигаргуниҳои иҷтимоӣ тавассути соҳибкории иҷтимоӣ, технологияҳои иттилоотӣ (ТИ) ва STEM (илм, технология, муҳандисӣ, риёзӣ), инчунин барои онҳо фароҳам овардани имконияти шуғли минбаъда дар соҳаҳои мазкур бахшида шуда буд. Форуми миллии «UPSHIFT/Tech4Development» бо дастгирии тамғаи «CHLOE» ва дар доираи ташаббуси «Tech4Girls», ки аз ҷониби ЮНИСЕФ татбиқ мегардад, баргузор шуд. Дар доираи ташаббуси мазкур духтарон дар Тоҷикистон барои таълим ва ҳаёти минбаъда ҳам малакаҳои умумӣ (soft skills) /интиқолшаванда ва ҳам рақамиро аз худ менамоянд.

Дар доираи Форуми миллии «UPSHIFT/Tech4Development» дар шаҳри Душанбе ҷавонон аз саросари Тоҷикистон ҷамъ омаданд ва лоиҳаҳои инноватсионии худро дар самти соҳибкории иҷтимоӣ намоиш доданд. Инчунин, онҳо бо ҳамсолони худ мулоқот намуданд, аз пешсафон ва коршиносони соҳаҳои гуногун шуниданд ва аз ширкатҳои маҳаллии ТИ ва телекоммуникатсионӣ оид ба шуғл машварат гирифтанд. Зиёда аз 10 сухангуёни машҳури маҳаллӣ ва минтақавӣ рӯи саҳнаи форум омаданд, ва аз саргузашти касбии худ сухан гуфта, барои муваффақ шудан дар соҳаҳои зеҳни сунъӣ, омузишӣ мошинӣ (machine learning), роботсозӣ, аз ҷумла самтҳои эҷодии мисли муҳандиси садо, тарроҳии 3D, маркетинг дар шабакаҳои иҷтимоӣ (SMM), меъмории саноатӣ, муҳандисии иҷтимоӣ ва муди устувор маслиҳати амалӣ доданд.

«Ҳадафи мо дар Тоҷикистон боз намудани зарфияти ҷавонон ҷиҳати бунёди ҷомеаи фарогир, осоишта ва устувор мебошад. Мо дар якҷоягӣ бо ЮНИСЕФ дар оянда низ ба рушди малакаҳо ва тавонмандсозии ҷавонони ниҳоят дарканормонда, хусусан духтарон ва ҷавондухтарон мусоидат хоҳем намуд.» -Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, хонум Ш. Амонзода.

«Аз соли 2017 ин ҷониб мо дар якҷоягӣ бо ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон 21 лабораторияҳои инноватсиониро боз намудаем. Ҳадафи боз намудани онҳо, ин дар баробари ба зиёда аз 28 ҳазор нафар ҷавонон омӯзонидани малакаҳое, ки барои дарёфти шуғл дар асри 21 муҳим мебошанд, инчунин мусоидат намудан ба рушди навовариҳо ва соҳибкории иҷтимоии таҳти мудирияти ҷавонон дар кишвар мебошанд.» - дар суханронии худ муовини аввали Вазири маориф ва илм Ҷ. Ҷуразода қайд намуданд.

Дар Тоҷикистон духтарон 89% аҳолии аз 15 то 24 солаи аз таҳсил, шуғл ва касбомӯзӣ (NEET) дурро ташкил медиҳанд. Аз ин рӯ ҷиҳати тавонмандсозӣ ва омӯзонидани маҷмӯи малакаҳои асри 21 ба духтарон, инчунин, баланд бардоштани худбоварӣ ва аз худ намудани малакаҳо барои имкониятҳои васеътар ҳам дар бозори маҳаллии меҳнат ва ҳам берун аз он ЮНИСЕФ талош меварзад. Фаъолияти асосӣ дар чорчӯбаи барномаи глобалии ЮНИСЕФ таҳти унвони «Generation Unlimited» сурат мегирад, ки он тавассути Лабораторияҳои инноватсионии барои наврасон татбиқ мегардад. Лабораторияҳои мазкур платформа барои рушди малакаҳо буда, дар Марказҳои давлатии таҳсилоти иловагӣ (Вазорати маориф ва илм) ва Марказҳои ҷавонон (Кумитаи давлатии кор бо ҷавонон ва варзиш) ва донишгоҳҳои давлатӣ бо дастгирӣ аз ҷониби ЮНИСЕФ таъсис дода шудаанд.

«Пешравии духтарон – пешравии ҳамаи мост. Тавассути доштани малакаҳо, имкониятҳои зарурӣ ва муҳити мусоид духтарон ҳамчун пешсафони оянда, соҳибкорон ва ташаббускорони дигаргуниҳо ба воя мерасанд. Мо бояд ҳамеша ва дар ҳама сатҳҳо ба оянда ва некуаҳволии тамоми духтарон диққати аввалиндараҷа диҳем.»-гуфт сардори намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон муҳтарам Осама Маккави Хогалӣ.

Барномаи форум бо намоиши либосҳои «муди устувор» таҳти роҳбарии Нафиса Имранова ва Кристина Иляс, бо дастгирии ташаббуси ЮНИСЕФ таҳти унвони «Tech4Girls», ки аз ҷониби ширкати «CHLOE» маблағгузорӣ мешавад, ба анҷом расид. Баъдан консерти вижа доир гардид, ки дар он Сафармуҳаммад ва Ҷовид Рӯзиев ҳунарнамоӣ намуданд.

***

Дар бораи «CHLOE»

Chloé – хонаи муди бошаҳомати фаронсавӣ мебошад, ки соли 1952 аз ҷониби Габи Агийон таъсис ёфтааст. Соли 1953 Агийон бо Жак Ленуар талошҳои худро ба ҳам пайвастанд, ки ва ӯ дар навбати худ фаъолияти амалиётии тамғаро ба уҳда гирифт. Ин ба Агийон имконият фароҳам овард, ки танҳо саргарми рушди эҷодии «Chloé» шавад.

Дар бораи «Generation Unlimited» (Насли бемаҳдуд)

«Generation Unlimited» – шарикии глобалӣ мебошад, ки ҳадафи он аз ҷалби ҷавонон, мутаҳҳид намудани захираҳо ва ҳамоҳангсозии талошҳо иборат аст, то ин ки то соли 2030 ҳар як ҷавон бо таҳсил, омодагии касбӣ ё шуғл фаро гирифта шавад. «Generation Unlimited» – як шарикии фаъолест, ки ҷавонон, намояндагони ҳукумат, ташкилотҳои бисёрҷониба, бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ шомили он мебошанд. Ин ҳама саҳм барои расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор буда, асоси он принсипҳои Стратегияи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Ҷавонон 2030» мебошанд.

Тамос барои васоити ахбори омма

Умеда Фозилова
Мутахассис оид ба иртиботи рақамӣ
ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон
Тел: +992985420050
Почтаи электронӣ: ufazylova@unicef.org

Дар бораи ЮНИСЕФ

Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) баҳри наҷоти ҳаёти кӯдакон, ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо ва кӯмак дар рушди қобилиятҳо дар 190 кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон фаъолият менамояд.