Роҳандозии «Стратегия оид ба рушди ҳифзи иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

ЮНИСЕФ бо Ҳукумати Тоҷикистон ва шарикон ҳамкории зичро ба роҳ мондааст.

22 Декабр 2022
Man sitting at the table
UNICEF/Tajikistan/2022/M. Ruziev

ДУШАНБЕ, 21 ДЕКАБР, 2022 –Намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ маросими роҳандозии расмии «Стратегия оид ба рушди ҳифзи иҷтимои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баргузор намуданд. Ҳуҷҷати мазкур барои давраи то соли 2040 пешбинӣ шудааст. Дар чорабинӣ намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати Адлия, Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои ғайридавлатӣ дар кишвар, шарикони рушд ва коршиносони байналмилалӣ ширкат варзиданд.

Ҳадафи чорабинии мазкур аз муҳокимаҳои роҳҳои дарки беҳтари чолишҳо ва имкониятҳо дар самти татбиқи Стратегия дар Тоҷикистон, инчунин раванди «Арзёбии бахши ҳифзи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон» иборат буд.

«Стратегия оид ба ҳифзи иҷтимоӣ» чорчӯбае мебошад, ки дар он дурнамои ҳамаҷонибаи Тоҷикистон нисбати бахши ҳифзи иҷтимоӣ ва афзалиятҳои минбаъдаи рушди он инъикос гардидаанд. Дар ин ҳуҷҷат ба ислоҳотҳои зарурии дар сатҳи муассисаҳо, эҳтиёҷот ба рушди устувори иҷтимоӣ, зарурат ба таъмини амнияти иҷтимоӣ барои аҳолӣ дар тӯли тамоми умр, инчунин таҳкими адолати иҷтимоӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шудааст.

Стратегия таваҷҷуҳро ба чолишҳо ва мушкилоти рӯзмарра ҷалб намуда, ба таҳия ва татбиқи тадбирҳои мушаххас барои шумораи зиёди самтҳои афзалиятнок дар дурнамои миёна ва дарозмуддат нигаронида шудааст. Самтҳои афзалиятнок аз се марҳилаҳои ҳаёт асос мегиранд:

  • ҳомиладорӣ, кӯдакӣ ва наврасӣ,
  • синну соли меҳнатӣ,
  • пиронсолӣ.

Самтҳои стратегие, ки барои давраи то соли 2040 муайян карда шудаанд, ба таҳкими низом ва таҷрибаҳои инноватсионӣ, такмили захираҳои инсонӣ ва молиявӣ, ислоҳоти низоми нафақа, раҳандозии нақшаҳои суғуртаи ихтиёрии иҷтимоӣ, таъмини дастрасӣ ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ, ташаббусҳо барои ба даст овардани даромад ва амнияти озуқаворӣ нигаронида шудаанд. Афзоиши шуғли пурмаҳсул, такмили нақшаҳои кӯмакҳои иҷтимоӣ, баррасӣ ва таҳлили қонунгузорӣ ва санадҳои зерқонунӣ, инчунин муайян намудани хароҷот ва музди кормандон самтҳои дигари афзалиятноки Стратегия мебошанд. Инчунин, коршиносони байналмилалӣ ва маҳаллӣ оид ба ташаббуси «Арзёбии бахши ҳифзи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон» рӯнамоҳо тақдим намуда, роҳҳои такмили онро муҳокима намуданд.

Ҷиҳати ба қонунҳо ва сиёсат мубаддал гардонидани ҳадафҳои ҳифзи иҷтимоӣ, афзоиши маблағгузории бахши ҳифзи иҷтимоӣ ва такмили ҳамоҳангӣ байни ҳифзи иҷтимоӣ ва идоракунии молиявӣ, ЮНИСЕФ бо Ҳукумати Тоҷикистон ва шарикон ҳамкории зичро ба роҳ мондааст. Аз ҷумла, ҷамъоварии далелҳо, тарғибу ташвиқи ҳифзи иҷтимоии вокунишдиҳанда ва табдилдиҳанда, тарғибу ташвиқи низомҳои ҳифзи иҷтимоӣ бо фарогирии шахсони дорои маъюбият, таҳкими вокуниш ба буҳронҳо, фаъолият дар самти васли оилаҳо, ва тарғибу ташвиқи усули идоракунии ҳолатҳоро дар бар мегирад.

ЮНИСЕФ дар якҷоягӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Бонки Ҷаҳонӣ арзёбии ҳамаҷонибаи низоми ҳифзи иҷтимоиро дар Тоҷикиситон оғоз мекунанд. Ин боз як қадам ба самти расидан ба ҳадафҳои рушди устувор то соли 2030 буда, фарогирии ҳамагонро таъмин хоҳад кард.

Тамос барои васоити ахбори омма

Далер Додоҷонов
Мутахассис оид ба иртибот
ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон
Тел: +992939990096
Почтаи электронӣ: ddodojonov@unicef.org

Дар бораи ЮНИСЕФ

Барои кӯмак расонидан ба кӯдаконе, ки дар ҳолати ниҳоят номусоид қарор доранд, ЮНИСЕФ дар мавзеъҳои душвортарини сайёра фаъолият менамояд. Барои ҳар як кӯдак мо дар зиёда аз 190 мамлакатҳо ва минтақаҳои ҷаҳон, дар ҳама ҷо фаъолият менамоем, то ҷаҳони беҳтарро барои ҳамагон эҷод намоем.  

ЮНИСЕФ-ро дар TwitterFacebookInstagram ва YouTube пайгирӣ намоед.