Маълумоти нав аз он шаҳодат медиҳад, ки боварӣ ба ваксинаҳои кӯдакона дар баъзе кишварҳо дар давраи пандемияи КОВИД-19 то 44 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст.
Ҳисоботи нави ЮНИСЕФ нишон медиҳад, ки дар се сол 67 миллион кӯдак аз сабаби номунтазамӣ дар хизматрасонӣ як ё якчанд ваксинаро нагирифтанд.

НЮ-ЙОРК, 20 апрели соли 2023 – ЮНИСЕФ имрӯз дар ҳисоботи нави худ оид ваксина хабар дод, ки фикру ақидаи ҷомеа дар бораи аҳамияти ваксинаҳо барои кӯдакон дар давраи пандемияи КОВИД-19 аз 55 кишвари омӯхташуда дар 52 кишвар коҳиш ёфтааст.
Маърӯза оид ба “Вазъияти кӯдакони ҷаҳон дар соли 2023”: Ваксинагузаронӣ барои ҳар як кӯдак нишон медиҳад, ки дарки аҳамияти ваксинаҳо барои кӯдакон дар Ҷумҳурии Корея, Папуа Гвинеяи Нав, Гана, Сенегал ва Ҷопон пас аз оғози пандемия зиёда аз сеяк коҳиш ёфтааст. Тибқи маълумоти нав, ки дар доираи Лоиҳаи "Эътимоднокӣ ба ваксина" ҷамъоварӣ карда шудааст ва имрӯз аз ҷониби ЮНИСЕФ нашр шудааст, Чин, Ҳиндустон ва Мексика ягона кишварҳое буданд, ки дар онҳо тибқи маълумоти ҷамъоваришуда дарки аҳамияти ваксинаҳо бетағйир боқӣ мондааст ё ҳатто беҳтар шудааст. Дар аксарияти кишварҳо, одамони синнашон то 35 ва занон бештар дар бораи паст шудани боварӣ ба ваксинаҳо барои кӯдакон пас аз оғози пандемия гузориш доданд.*
Эътимод ба ваксина ноустувор аст ва аз вақти мушаххас вобаста аст. Барои муайян намудани он, ки оё маълумоти бадастоварда дар бораи тамоюли дарозмуддат шаҳодат медиҳанд, ҷамъоварии маълумоти иловагӣ ва таҳлили минбаъда зарур аст. Сарфи назар аз коҳиш, дастгирии умумии ваксинаҳо нисбатан қавӣ боқӣ мемонад. Қариб дар нисф аз 55 кишвари омӯхташуда, беш аз 80 фоизи респондентҳо ваксинаҳоро барои кӯдакон муҳим мешуморанд.
Бо вуҷуди ин, дар ҳисобот огоҳ карда мешавад, ки якҷояшавии якчанд омилҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки хавфи беҷуръатӣ нисбати ваксинаҳо метавонад афзоиш ёбад. Ин омилҳо номуайянӣ нисбати вокуниш ба пандемия, афзоиши дастрасӣ ба маълумоти нодуруст, коҳиш ёфтани эътимоднокӣ ба экспертиза ва поляризатсияи сиёсиро дар бар мегиранд.
“Ҳангоми авҷи пандемия, олимон зуд ваксинаҳоеро таҳия карданд, ки ҳаёти бешумори одамонро наҷот доданд. Аммо новобаста аз ин дастоварди таърихӣ, тарс ва маълумоти нодуруст дар бораи ҳама намуди ваксинаҳо ба мисли худи вирус паҳн шуд", гуфт Кэтрин Расселл, директории иҷроияи ЮНИСЕФ.
«Маълумот мазкур огоҳиии ҷиддии ташвишовар аст. Мо набояд боварӣ ба иммунизатсияи нақшавиро ба қурбонии навбатӣ гаштани пандемия роҳ диҳем. Дар акси ҳол, мавҷи минбаъдаи фавтҳо метавонанд бо сабаби сироятёбии бештари кӯдакон ба бемории сурхча, дифтерия ё дигар бемориҳои пешгиришаванда бошанд.”
Ташвишовар аст, ки коҳишёбии боварӣ дар заминаи пастшавии устувор дар 30 соли охир дар иммунизатсияи кӯдак, ки дар натиҷаи пандемияи COVID-19 ба вуҷуд омадааст, ба амал меояд. Пандемия тақрибан дар ҳама ҷо ваксинакунии кӯдаконро қатъ кард, махсусан аз сабаби талаботи зиёд ба низомҳои тандурустӣ, интиқоли захираҳои иммунизатсия ба ваксинаи КОВИД-19, норасоии кормандони соҳаи тиб ва тадбирҳои алоқаманд бо дар хона мондан.
Ҳисоботи имрӯза огоҳӣ медиҳад, ки дар давраи солҳои 2019 то 2021 дар маҷмӯъ 67 миллион кӯдак ваксина нагирифтанд, дар баробари ин, сатҳи фарогирии ваксинатсия дар 112 кишвар коҳиш ёфтааст. Кӯдаконе, ки камтар пеш аз пандемия ва ё дар вақти пандемия таваллуд шудаанд, ҳоло аз синну соле, ки одатан бояд ваксина гиранд, гузашта истодаанд, ки зарурати андешидани чораҳои фавриро таъкид мекунад, то ки хуруҷи бемориҳои марговар пешгирӣ карда шаванд. Дар соли 2022, масалан, шумораи гирифторони бемории сурхак нисбат ба соли гузашта ду баробар зиёд буд. Дар соли 2022 шумораи кӯдакони гирифтори фалаҷ нисбат ба соли гузашта 16% афзоиш ёфтааст. Ҳангоми муқоиса намудани давраи аз соли 2019 то 2021 бо давраи се соли қаблӣ, шумори кӯдакони гирифтори фалаҷ ҳашт баробар зиёд шудааст, ки зарурати таъмини устувории кӯшишҳоро барои ваксинатсия таъкид мекунад.
Пандемия, инчунин, нобаробарии мавҷударо афзун кард. Барои кӯдакони аз ҳад зиёд, махсусан, дар ҷомеаҳои дарканормонда, ваксина ҳанӯз дастрас нест ва ё ғайриимконпазир аст. Ҳатто пеш аз пандемия, пешрафт дар самти ваксинатсия тақрибан ба даҳсолаҳо боз монда буд, зеро ҷаҳон барои фарогирии кӯдакони дарканормонда мубориза мебурд.
Аз 67 миллион кӯдак, ки дар давраи солҳои аз 2019 то 2021 ваксинатсияи нақшавиро нагирифтаанд, 48 миллион кӯдак ягон ваксинаи нақшавиро нагирифтааст, ки инчунин, ҳамчун "вояи сифрӣ" маъмул аст. Ба санаи охири соли 2021 шумораи зиёди кӯдакон, ки вояи сифрии ваксинаро гирифтаанд, дар Ҳиндустон ва Нигерия буд (ҳарду кишвар бо зумраи хеле зиёди кӯдакони навзод), бо вуҷуди ин, афзоиши назарраси шумораи кӯдаконе, ки вояи сифрии ваксинаро гирифтаанд, махсусан дар Мянма ва Филиппин буд.
Кӯдаконе, ки вояро намегирад, дар ҷомеаҳои хеле камбизоат, дурдаст ва дарканормонда зиндагӣ мекунанд, ки баъзан низоъ таъсир расонидааст. Маълумоти наве, ки барои гузориш аз ҷониби Маркази байналмилалии баробарӣ дар соҳаи тандурустӣ таҳия карда шудааст, нишон дод, ки дар оилаҳои камбизоаттарин ҳар як кӯдаки панҷум вояи сифрӣ мегирад, вақте, ки дар оилаҳои сарватмандтарин танҳо ҳар як 20-ум кӯдак. Тадқиқот нишонд дод, ки кӯдаконе, ки ваксина нагирифтаанд, аксар вақт дар ҷомеаҳои душворфатҳ, ба мисли минтақаҳои деҳот ё маҳалҳои фақирнишини шаҳр зиндагӣ мекунанд. Онҳо аксар вақт модароне доранд, ки шароити ба мактаб рафтанро надоштанд ва дар қабули қарорҳои оилавӣ ягон ҳуқуқи овоз надоранд. Ин муаммо бештар дар кишварҳои дорои даромади паст ва миёна мавҷуд аст, ки дар онҳо тақрибан аз ҳар 10 кӯдак дар шаҳрҳо ва 1 аз 6 кӯдак дар деҳот вояи сифрӣ мегиранд. Дар кишварҳои дорои даромади аз сатҳи миёна баландтар, байни кӯдакони шаҳр ва деҳот тафовут тақрибан вуҷуд надорад.
Барои ваксина кардани ҳар як кӯдак, таҳкими кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва таъмин намудани кормандони қаторӣ, асосан занонро бо захираҳо ва дастгирии онҳо муҳим аст. Ҳисобот нишон медиҳад, ки занон дар сафи пеши ваксинагирӣ қарор доранд, аммо онҳо бо маоши ночиз, шуғли ғайрирасмӣ, набудани омӯзиши расмӣ ва имкониятҳои касб ва таҳдид ба бехатарии онҳо дучор мешаванд.
Барои бартараф кардани ин буҳрони зинда мондани кӯдакон, ЮНИСЕФ аз ҳукуматҳо даъват мекунад, ки уҳдадориҳои худро оид ба зиёд кардани маблағгузорӣ барои ваксинатсия дучанд кунанд ва бо ҷонибҳои манфиатдор барои кушодани захираҳои мавҷуда, аз ҷумла, маблағҳои боқимондаи КОВИД-19, барои ба таври фаврӣ амалӣ намудан ва суръат бахшидан ба ваксинаҳои такрорӣ бо мақсади суръат бахшидан ба кӯшишҳои ваксинакунӣ барои ҳифзи кӯдакон ва пешгирии хуруҷи беморӣ корбарӣ кунанд.
Тибқи ҳисоботи мазкур ҳукуматҳо барои зерин даъват карда мешаванд:
- Ба таври фаврӣ ҳамаи кӯдакон, бахусус онҳое, ки дар давраи пандемияи КОВИД-19 ваксина нагирифтаанд, муайян карда шаванд ва ба онҳо дастрасӣ пайдо карда шавад
- Талабот ба ваксинаҳо, аз ҷумла, тавассути эҷоди эътимод тақвият дода шавад
- Ба маблағгузорӣ ба хадамоти ваксинакунӣ ва кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ афзалият дода шавад
- Низомҳои устувори соҳаи тандурустӣ тавассути сармоягузорӣ ба занон-кормандони соҳаи тиб, навоварӣ ва истеҳсолоти маҳаллӣ ташаккул дода шавад
“Иммунизатсия миллионҳо нафар одамонро наҷот дод ва ҷомеаҳоро аз хуруҷи бемориҳои марговар муҳофизат кард”, гуфт Кэтрин Расселл.
“Мо бисёр хуб медонем, ки бемориҳо сарҳад надоранд. Иммунизатсияи муқаррарӣ ва низомҳои қавии тандурустӣ имконияти беҳтарини мо барои пешгирии пандемия дар оянда, маргҳои нобаҳангом ва ранҷу азоб мебошанд. Чуноне, ки маблағҳои дар доираи барномаи КОВИД-19 ҷудошуда то ҳол дастрасанд, ҳоло маҳз вақти он аст, ки ин маблағҳо ба таҳкими хадамоти иммунизатсия равона карда шаванд ва ба низомҳои устувори ҳар як кӯдак сармоягузорӣ карда шавад.”
#####
Эзоҳҳо барои муҳаррирон:
Маърӯза оид ба "Вазъияти кӯдакон дар ҷаҳон" ҳисоботи асосии ЮНИСЕФ мебошад. Нашри соли 2023 - аввалин нашри ҳисобот мебошад, ки танҳо ба иммунизатсияи нақшавӣ бахшида шудааст. ЮНИСЕФ ҳамасола тақрибан нисфи кӯдакони ҷаҳонро бо ваксинаҳои наҷотбахш фаро мегирад.
Пас аз 00.01 бо вақти ҷаҳонӣ, санаи 20 апрел, Шумо метавонед хусусияти интерактивиро дар сомонаи мо ба даст оред ва ҳисоботро дар ин ҷо зеркашӣ кунед.
Маводҳои мултимедия, аз ҷумла аксҳои нав, роликҳо ва таҳқиқоти мавзӯӣ дар ин ҷо дастрасанд.
*Лоиҳаи "Эътимоднокӣ ба ваксина (VCP)" дар Мактаби гигиена ва тибби тропикии Лондон аз соли 2015 инҷониб тавассути таҳлили маълумоти таҳқиқоти миллии намояндагӣ мониторинги эътимоднокӣ ба ваксинаҳоро мегузаронад. Маълумоти дар ҳисоботи мазкур пешниҳодшуда аз омӯзиши васеъи ретроспективии таҳқиқоти тағйирот дар эътимоднокӣ ба ваксина дар давраи аз соли 2015 то моҳи ноябри соли 2019 ва аз соли 2021 гирифта шудаанд. Маълумот дар ҳисоботи мазкур зермаҷмӯи маълумоти бештар пурраи аз ҷониби VCP ҷамъоваришуда мебошад. Шумо метавонед маҷмӯи пурраи маълумотро бо истифода аз ин харитаи интерактивӣ омӯзед.
Барои гирифтани маълумоти муфассал, лутфан ба шахси зерин тамос гиред:
Тэсс Инграм, ЮНИСЕФ Ню-Йорк, Тел.: +1 934 867 7867, tingram@unicef.org
Тамос барои васоити ахбори омма
Дар бораи ЮНИСЕФ
ЮНИСЕФ дар кунҷҳои душвортарини ҷаҳон кор мекунад, то ки ба кӯдакони осебпазиртарин кӯмак кунад. Дар бештар аз 190 кишвар ва ҳудудҳо мо барои ҳар як кӯдак дар ҳама ҷо кор мекунем, то ки барои ҳамагон ҷаҳони беҳтарро бунёд кунем.