Машварати аввалини миллӣ бахшида ба табдилбиҳии соҳаи маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

27 Май 2022
national consultations
UNICEF/Tajikistan/2022/M. Ruziev

Душанбе, 27 май, 2022. Машваратҳои аввалини миллӣ бахшида ба табдилдиҳии соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор гардиданд. Ҳадафи онҳо аз навсозии уҳдадориҳои дастаҷамъона нисбати соҳаи маориф, ҳамчун як неъмати умумиҷаҳонӣ, иборат буд. Чорабинии мазкур ба таври муштарак аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Созмони милали муттаҳид дар Тоҷикистон, ЮНИСЕФ, ЮНЕСКО ва таҳти сарпарастии Дафтари ҳамоҳангсози доимии СММ ташкил карда шуд.

Баъд аз як қатор машваратҳои минтақавӣ зиёда аз 200 намояндагони муассиаҳои таълимии давлатӣ, шарикони рушд, ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, омӯзгорон ва ҷавонон барои таҳияи биниши муштарак оид ба бозтасаввурсозии маориф, инчунин таъмин намудани уҳдадориҳо ва мутобиқат ба Ҳадафҳои рушди устувор ва Рӯзномаи маорифи то соли 2030 якҷоя омаданд. Дар машваратҳои миллӣ ба сиёсат, банақшагирӣ ва тағйироти буҷетӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда мешавад, ки ин ҳама ҷиҳати барқарор намудани бохтҳо дар таҳсил ва татбиқи чорабиниҳои зарурӣ барои тарғибу ташвиқи таҳсилоти босалоҳият ва табдилдиҳии рақамӣ лозим мебошанд.

«Барои рушди соҳаи маориф аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли  2022 6 млр (милиарду). 304 млн. (миллиону) 25 ҳазор сомонӣ  ҷудо карда шудааст,  ки нисбат ба соли 2021 11,3 % зиёд мебошад.  Бо мақсади иҷроиши он ҳадафҳое, ки  дар Стратегия милли рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030  ва Ҳадафҳои 4-уми  рушди устувор муқаррар карда шудаанд. Вазорати маориф ва илм Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки баҳри иҷрои  намудани дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рақамикунонии соҳаи маориф бо шарикони рушд як қатор корҳоро ба сомон расонида, дар ҳамкорӣ бо Хазинаи Кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо “Консепсияи харитаи роҳи раќамикунонии соҳаи маориф”-ро омода намуд,  ки он дар марҳилаи ниҳоӣ қабул қарор дорад.»-ҷаноби Ҷуразода Ҷамшед Ҳабибулло, Муовини аввали вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Вазорати маориф ва илм Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки баҳри иҷрои  намудани дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рақамикунонии соҳаи маориф бо шарикони рушд як қатор корҳоро ба сомон расонида, дар ҳамкорӣ бо Хазинаи Кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо “Консепсияи харитаи роҳи рақамикунонии соҳаи маориф”-ро омода намуд, ки он дар марҳилаи ниҳоӣ қабул қарор дорад.

Дар машварати миллӣ ба панҷ самтҳои асосии Иҷлосияи дарпешистодаи табдилдиҳии маориф таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд, аз қабили маблағгузории соҳаи маориф, омӯзгорон, таълим ва касби омӯзгорӣ, таҳсилот ва табдилдиҳии рақамӣ, мактабҳои фарогир, бехатар ва солим, таҳсил ва малакаҳои барои тамоми ҳаёт, кор ва рушди устувор. Иштирокчиён баҳри муайян намудани амалҳои афзалиятнок дар самти ислоҳоти миллӣ якҷоя кор карда, баҳри суръат бахшидан ба табдилдиҳии маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсияҳо ва маслиҳатҳои худро пешниҳод намуданд.

«Ба кӯдакон баҳри аз худ намудани малакаҳо, дониш, арзишҳо ва муносибатҳои ба онҳо муҳим, таҳсилоти босифат ҷузъи муҳим мебошад. Ин ҳама баҳри дар оянда аъзоёни фаъоли ҷомеа шудан ва тарғибу ташвиқ намудани рушди устувор барои онҳо зарур мебошад. Дар Тоҷикистон, агентиҳои Созмони милали муттаҳид (СММ) ҷиҳати тарғибу ташвиқи тағйири қонунгузорӣ аллакай ташаббусҳои гуногунро дастгирӣ менамоянд. Инчунин, чорабиниҳои мухталиф, аз ҷумла дар соҳаҳои маориф, технология, таҳсилоти фарогир, рушди касбии омӯзгорон ва ислоҳоти барномаҳои таълимӣ роҳандозӣ шудаанд. Интизор меравад, ки кӯшишҳои муштараки зикршуда билохира сифат ва мутобиқати таҳсилотро баланд хоҳанд бардошт. Мутмаин ҳастам, ки ин машварати миллии пеш аз Иҷлосияи умумиҷаҳонии маориф ҷиҳати муайян намудани самтҳое, ки баҳри таъмини таҳсилоти босифат ва фарогир барои тамоми кӯдакон ва ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар баробари роҳҳои ҳале, ки тавассути қонунгузорӣ ба суръатбахшии минбаъда ниёз доранд, ба Вазорати маориф ва илм кӯмак хоҳад кард."-иқтибоси хонум Сезин Синаноглу, Ҳамоҳангсози доимии СММ. 

Дар Тоҷикистон, агентиҳои Созмони милали муттаҳид (СММ) ҷиҳати тарғибу ташвиқи тағйири қонунгузорӣ аллакай ташаббусҳои гуногунро дастгирӣ менамоянд. Инчунин, чорабиниҳои мухталиф, аз ҷумла дар соҳаҳои маориф, технология, таҳсилоти фарогир, рушди касбии омӯзгорон ва ислоҳоти барномаҳои таълимӣ роҳандозӣ шудаанд. Интизор меравад, ки кӯшишҳои муштараки зикршуда билохира сифат ва мутобиқати таҳсилотро баланд хоҳанд бардошт.

Дар Тоҷикистон натиҷаҳои машваратҳо гузориши мухтасар ва «Изҳороти миллии оид ба уҳдадориҳои табдилдиҳии маорифро» дар бар хоҳад гирифт. Ҳамин тариқ, уҳдадориҳои ҳукумат ва шарикони рушд ва мувофиқа оид ба тадбирҳои афзалиятнок фарогирӣ хоҳанд шуд.

Бо такя ба Стратегияи миллии рушди соҳаи маориф то соли 2030 тавсияҳои мазкур ба натиҷаҳои таҳсил суръат бахшида, дастрасии бештарро ба таҳсилоти босифат барои тамоми кӯдакон ва ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамоняд. Саммити тағирёбии маориф дар моҳи сентябри соли 2022 дар ҳафтаи сатҳи баланди Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню Йорк баргузор мешавад.

Тамос барои васоити ахбори омма

Умеда Фозилова
Мутахассис оид ба иртиботи рақамӣ
ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон
Тел: +992985420050
Почтаи электронӣ: ufazylova@unicef.org

Дар бораи ЮНИСЕФ

Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар 190 кишварҳо фаъолият карда ба кӯдакони аз ҳама осебпазир кӯмак мекунад. Соли 1946 таъсис ёфта, Хазинаи кӯдакони СММ бо шарикон баҳри аз байн бурдани душвориҳое ки кӯдакон аз сабаби қашоқӣ, зуроварӣ, сироят ва табъиз бо онҳо рӯбару мешаванд, фаъолият мекунад. ЮНИСЕФ фаъолияти худро дар Тоҷикистон соли 1993 оғоз кард.