Маросими ифтитоҳи якумин Маркази таълимӣ ва омӯзушии инноватсионӣ назди Вазорати маориф ва илм

15 Феврал 2022
Opening of the studio in the MOES Dushanbe
UNICEF/Tajikistan/2022/M. Ruziev

Душанбе, 15 феврали соли 2021 – Имрӯз Иттиҳоди Аврупо, Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (ВМИ) маросими ифтитоҳи расмии якумин маркази таълимӣ ва омӯзушии инноватсионии миллӣ барои таҳияи барномаҳои таълимии телевизионӣ ва тарғибу ташвиқи маводҳои инноватсионии таҳсилоти омехта баргузор намуданд. Студияи мазкур дар доираи “Марҳилаи дуюми барномаи дастгирии сифати таълим” аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шудааст.

Маркази таълимӣ ва омӯзушии инноватсионӣ ва маркази медиа дар бинои Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифи назди ВМИ дарҳои худро боз намуд. Маркази таълимӣ ва омӯзушии инноватсионӣ дорои тарҳи эргономикии барои кӯдакон мувофиқ буда, бо таҷҳизоти истеҳсоли видео ва дигар асбобҳои таълимӣ-методӣ муҷаҳҳаз мебошад. Инчунин, маркази таълимӣ ва омӯзушии инноватсионӣ дорои барномаҳо ва таҷҳизоти муосир мебошад. Бо мақсади баланд бардоштани сифати таҳсил, сатҳи дониш ва малакаҳои худомӯзии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва миёна, студияи мазкур барои ба навор гирифтани дарсҳои видеоӣ истифода хоҳад шуд. Ҳадафи лоиҳа – рушди таълими дарсҳои телевизионӣ тавассути намоиши дарсҳои омӯзгорони баладихтисос ва ботаҷриба, инчунин муҷаҳҳаз гардонидани ВМИ бо асбобҳо ва маводҳои интернетии инноватсионии таълимӣ, ки ба омӯзгорон ва хонандагон барои такмили малакаҳои дарсгӯӣ ва омӯзиш, ки барои таҳсилоти омехта ва фосилавӣ зарур мебошанд, имконият медиҳанд. Раванди таҳияи маводҳои баландсифати таълимии телевизионӣ ва маводҳои таълимии рақамӣ сабаби навовариҳо дар соҳаи маориф шуда ҷиҳати таҳкими дониши хонандагон аз фанҳои асосӣ кӯмак менамояд.

Барои мусоидат намудан ба идомаи таҳсили берун аз муҳити мактабӣ дар давоми пандемия, ЮНИСЕФ ва ВМИ якҷоя силсилаи дарсҳои телевизиониро таҳия намуданд. Дарсҳои мазкур дар асоси барномаи таҳсилоти умумӣ ба хонандагон барои омӯхтани фанҳои асосӣ кӯмак мерасонад. Инчунин, барои омӯзгорон, хонандагон ва волидон дастурҳо ва асбобҳо оид ба таҳсилоти фосилавӣ таҳия карда шудаанд. Маркази таълимӣ ва омӯзушии инноватсионии мазкур платформа барои таълими мунтазам тавассути омезиши таҳсилоти фосилавӣ ва рӯ ба рӯ таъмин менамояд, ки он барои омода намудани омӯзгорон барои гузариш ба муҳити таҳсилоти фосилавӣ ва омехта имконият фароҳам меоварад. 

“Маркази таълимӣ ва омӯзушии инноватсионии нав ва замонавӣ дар Тоҷикистон шароити хуб ва заруриро барои рушди иқтидори омӯзгорон ва хонадагони таъмин менамояд. Мувофиқи супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм айни замон Консепсияи таҳсилоти рақамиро таҳия намуда истодааст. Консепсияи мазкур ба пешрафти раванди рақамикунонии маориф дар кишвар имконият фароҳам меоварад. Ифтитоҳи ин марказ оғози хуб дар ин самт мебошад. Дар ҳамкорӣ ва дастгирии Иттиҳоди Аврупо ва ЮНИСЕФ мо мутмаин ҳастем, ки хонандагон ва омӯзгорон метавонанд барои рушди шахсии худ аз ин маркази таълимӣ ва омӯзушии инноватсионӣ пурра баҳра бардоранд.” Муҳтарам Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Маркази таълимӣ ва омӯзушии инноватсионӣ барои таҳия ва истифодаи видео-дарсҳо дар Тоҷикистон истифода хоҳад шуд, ки барои пешрафти илм, техника ва методикат таълимӣ мусоидат менамояд. Видео-дарсҳо мувофиқи стандартҳои фаннӣ, барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсии мавҷуда таҳия ва наворбардорӣ мешаванд. Видео-дарсҳо ба хонандагон имконияти медиҳанд, ки ҳар як мавзӯъро аз назар гузаронида ва маводҳоро беҳтар аз худ намоянд, ки ин ба беҳтар шудани сифати таҳсилоти миёнаи умумӣ сабаб мешавад.

“Технологияҳои рақами ҷаҳонро бо суръати бениҳоят баланд тағйир дода, инчунин тарзи зиндагӣ, шуғл ва таълими одамонро низ иваз менамояд. Хуруҷи COVID-19 нишон дод, ки низоми маориф ва таҳсили ба асри рақамӣ муносиб, аҳамият бузург дошта тамоюли мавҷудабудаи гузариш ба таҳсилоти омехатро суръат бахшид. Иттиҳоди Аврупо аз дастгирии Тоҷикистон дар ҷорӣ намудани имкониятҳои таҳсилоти омехта хушҳол аст. Усули мазкур барои тамоми ҷавонон дар Тоҷикистон дастрасиро ба маводҳои босифат таъмин мекунад. Маводҳои мазкур ба онҳо кӯмак мерасонад, ки ба ҷаҳони таълим ва дарёфти шуғл беҳтар омода шаванд. Ифтитоҳи студия дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф яке аз қадамҳои аввали таҳкими иқтидори кишвар дар ин соҳа мебошад”. Муҳтарам Марк Бухманн, Роҳбари бахши ҳамкорӣ, Ҳайати Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон.

Маркази таълимӣ ва омӯзушии инноватсионии мазкур сиёсати давлатиро дар соҳаи маориф татбиқ намуда ба баланд бардоштани сифати таҳсили хонандагони мактабҳои миёна тавассути пешбурди мултимедия ва «таълими офлайн» мусоидат хоҳад кард. Раванди мазкур ба хонандагон имконият медиҳад, ки ба фарҳанги нави рақамӣ мутобиқ шаванд. Инчунин, тавассути эҷоди муҳити муосири мактабӣ, ки ба ҳадафҳои таълимии асри 21 ҷавобгӯ мебошанд, дар ҳалли масъалаҳои мубрами соҳаи маориф кӯмак мерасонад. Ҳадафҳои мазкур дар стандартҳои фаннии давлатӣ оварда шудаанд. Раванди таҳияи видео-дарсҳо имконият медиҳад, ки сатҳи малакаҳои (салоҳиятҳои) худмомӯзӣ баланд бардошта шаванд, дар банақшагӣрӣ ва татбиқи фаъоляти таълимӣ ба мустақилият ноил гарданд, инчунин ба роҳандозии ҳамкорӣ байни омӯзгорон мусоидат намояд.

«Мо интизорем, ки истифодаи технологияи нави мазкур ба такмили минбаъдаи дастрасӣ ба таҳсилоти босифат барои тамоми кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард. ЮНИСЕФ то ҳол ба дастгирии низоми маориф содиқ буда фаъолиятро бо Ҳукумати Тоҷикстон ва шарикони худ, ҷиҳати таъмини дастрасӣ ба таҳсилоти босифат ва фарогир дар муҳити бехатар ва дӯстона барои ҳар як кӯдак ва наврас, идома хоҳад дод.» Муҳтарам Осама Маккавӣ, Сардори намояндагии ЮНИСЕФ.  

Худи хонандагон дар таҳсилоти худ нақши фаъол хоҳанд бозид. Масалан, ба онҳо барои интихоби ҳадафҳои таҳсил, такмили дониши худ аз ягон фан ё соҳаи мушххас имконият интихоб медиҳад. Инчунин, ба хонандагон дастрасӣ ба маводҳои таълимии электронӣ ва аёниро таъмин менамояд.

«Мо аз ифтитоҳи ин маркази таълимӣ ва омӯзушии инноватсионӣ хушҳол ҳастем ва барои идораи он ба тавре, ки хонадагон ва омӯзгорон тавонанд пурра аз бартириҳои истифода баранд, тамоми тадбирҳоро хоҳем андешид. Ба назари ман, хуб мешуд, ки дар панҷ филиалҳои Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф РИИТ дар саросари кишвар чунин марказҳо таъсис дода шаванд. Ин метавонад як ташаббуси хуб барои омӯзгорон ва хонандагони шавад, зеро ки баҳри истифода аз чунин студияи замонавӣ на ҳамаи онҳо метавонанд доимо ба Душанбе сафар намоянд.» Муҳтарам Хоналӣ Қурбонзода, Ректори донишкадаи Ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф.

ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон якҷоя бо Иттиҳоди Аврупо ба Вазорати маориф ва илми Тоҷикистонро (ВМИ) ҷиҳати таҳияи механизмҳои инноватсионӣ баҳри таҳсилоти муттасили ҳар як кӯдак ва наврас дар кишвар дар давраи пандемияи COVID-19 дастгирӣ манамояд. Талошҳо дар самти бозтасаввурсозии таълими берун аз синфхонаҳои анъанавӣ ҳамкории зичро байни ЮНИСЕФ ва ВМИ, инчунин таҳияи дастурҳо, маводҳо, технологияҳо ва созишномаҳои муассисавиро талаб менамояд. Ҳадаф аз он иборат мебошад, ки дар таҳия ва истеҳсоли зиёда аз 2000 дарсҳои телевизионӣ барои дастгирии низоми таълим аз рӯи тамоми фанҳо дастгирӣ расонида шавад. Даври аввали таҳияи дарсҳои телевизионӣ барои синфҳои 9-11 дар доираи барномаи вокуниши фаврӣ дар моҳҳои май-июли соли 2020 татбиқ гардид. Дарсҳои боқимонда барои тамоми синфҳо ва фанҳои барномаи таълимии миллӣ таҳияи хоҳанд шуд.

***

Тамос:

Далер Додоҷонов, Мутахассис оид ба иртибот ва инъикоси фаъолият, ЮНИСЕФ, ddodojonov@unicef.org  

 

Тамос барои васоити ахбори омма

Умеда Фозилова
Мутахассис оид ба иртиботи рақамӣ
ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон
Тел: +992985420050
Почтаи электронӣ: ufazylova@unicef.org

Дар бораи ЮНИСЕФ

Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар 190 кишварҳо фаъолият карда ба кӯдакони аз ҳама осебпазир кӯмак мекунад. Соли 1946 таъсис ёфта, Хазинаи кӯдакони СММ бо шарикон баҳри аз байн бурдани душвориҳое ки кӯдакон аз сабаби қашоқӣ, зуроварӣ, сироят ва табъиз бо онҳо рӯбару мешаванд, фаъолият мекунад. ЮНИСЕФ фаъолияти худро дар Тоҷикистон соли 1993 оғоз кард.