Дар пасманзари таҷлили 60 солагии фаъолияти ЮНИСЕФ дар Копенгаген, талабот ба лавозимоти ҳаётан муҳим барои кӯдакон ба сатҳи беназири баланд расидааст
Барои таҷлили ин марҳилаи таърихӣ Сафири хайрхоҳи ЮНИСЕФ Лиам Нисон аз анбори захираҳои башардӯстона дидан намуд.
КОПЕНГАГЕН/НЮ-ЙОРК, 5 октябри соли 2022 – ЮНИСЕФ 60 солагии фаъолияти маркази глобалии таъминот ва логистикаи худро ҷашн мегиранд, ки он дар шаҳри Копенгаген воқеъ аст. Маркази мазкур ба кӯдакони аз ҳама бештар осебпазири ҷаҳон маводҳои заруриро дастрас менамояд.
Солҳои охир маркази дар шаҳри Копенгаген маводҳои таъминотии зеринро бо суръати беназир сафарбар намудааст: асбобҳои тиббӣ, доруворӣ, маводҳо барои беҳдошт, маводҳои таълимӣ ва таҷҳизоти санитарӣ-техникӣ. Ҳамаи ин барои вокуниш ба буҳронҳои афзояндаи башардӯстона дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла дар Афғонистон, Эфиопия, Покистон, Судони Ҷанубӣ, Украина, Яман, инчунин пандемияи COVID-19 истифода шудаанд.
«Талаботи башардӯстонаи кӯдакон нисбати ҳарвақта бештар шудаанд ва омили мазкур фаъолияти Маркази глобалии таъминот ва логистикаи ЮНИСЕФ дар шаҳри Копенгагенро низ аз ҳарвақта муҳимтар намудааст,» - гуфт директори иҷроияи ЮНИСЕФ Кэтрин Рассел. «Роҳи беҳтарини таҷлили чунин марҳилаи муҳим ин дучанд намудани талошҳои мо дар самти таъмини ҳар як кӯдаки дархатармонда бо маводҳои ниёзи аввалия мебошад. Барои паси сар намудани буҳрон ва дубора барқарор кардани ҳаёти худ маводҳои мазкур метавонанд ба онҳо кӯмак намоянд.» ЮНИСЕФ аз Ҳукумат ва мардуми Дания барои дастгирии дар ин фаъолияти ҳаётан муҳим сидқан миннатдор аст ва мо бо итминон аз оянда умедворем, ки маводҳои наҷотбахшро дар дилхоҳ ҷой ва дилхоҳ вақти лозимӣ дар давоми 60 соли оянда дастрас хоҳем кард.»
Соли равон аз ин анбор ба андозаи 480,000 тоннаи метрӣ маводи таъҷилии ниёзи аввалия фиристода шудааст, аз ҷумла 1,400 мошинҳои боркаш барои вокуниш ба ҷанг дар Украина. Боркашҳои мазкур ба андозаи 10,484 тоннаҳои метрӣ маводҳоро интиқол додаанд. Таҳвилҳои мазкур аз 800,000 бастаҳо барои ёрии таъҷилӣ, аз ҷумла бастаҳои акушерӣ, тиббӣ ва беҳдоштии оилавӣ иборат буданд.
Ҳангоми вокуниш ба пандемияи COVID-19 Маркази глобалии таъминот ва логистика харидорӣ, интиқол ва ҷанбаҳои моддию техникии механизми COVAX-ро роҳбарӣ намуд. Механизми мазкур ташаббуси умумиҷаҳонӣ буда, ҳадафи он аз таъмин намудани дастрасӣ ба ваксинаҳои зидди COVID-19 иборат мебошад. Аз замони таҳвили аввалин дар моҳи феврали соли 2021, маркази мазкур ҷиҳати бехатар расонидани 1,7 миллиард вояҳои ваксинаҳои зидди COVID-19, инчунин миллионҳо сӯзандоруҳо, таҷҳизот барои нигоҳдорӣ дар сардӣ, ва маводҳо барои муҳофизати инфиродии духтурон ба 146 мамлакатҳо ва минтақаҳои ҷаҳон мусоидат намудааст.
Ҳафтаи гузашта дар доираи чорабиниҳои идона сафири хайрхоҳи ЮНИСЕФ Лиам Нисон аз анбор дидан намуда, дар банду басти маводҳо барои кӯдакон дар Афғонистон кӯмак намуд.
«Ҳангоме, ки ҳолати фавкулодда ба вуқӯъ мепайвандад ва кӯдакон маҷбур мешаванд хонаҳо, мактабҳо ва ҷомеаҳои худро тарк намоянд, маводҳои аз анбори ЮНИСЕФ дар шаҳри Копенгаген фиристодашуда метавонанд барои зиндамонии онҳо омили асосӣ шаванд,» - гуфт Лиам Нисон. «Аз таҷҳизот барои оксиген, ҳаб барои тоза кардани об, тур бар зидди магас, тубҳо барои волейбол ва ҳатто тамоми биноҳои мактабҳо – ЮНИСЕФ шабонарӯзӣ маводҳоро ба кӯдакон мерасонад, то ин ки зиндамонӣ ва рушди онҳо таъмин карда шавад. Ин тадбирҳо шабонарӯзӣ, ҳаррӯза ва мунтазам мебошанд!»
Биноҳои корӣ ва анборҳое, ки соли 1962 сохта шудаанд, имрӯз захираҳои бузургтарини башардӯстонаро дар ҷаҳон нигоҳ медоранд. Ин туҳфа аз ҷониби ҳукумати Дания барои ҷойгир намудани амалиёти ҷаҳонии таъминот ва логистикаи ЮНИСЕФ буд. Аз он давра ин ҷониб, даҳҳо ҳазор ҳавопаймоҳои боркаш, киштиҳо, мошинҳои боркаш ва қатораҳо аз Копенгаген ба роҳ баромадаанд, ки миқдори сершумори борҳои ҳаётан муҳимро барои кӯдакони дар минтақаҳи низоъ, офатҳои табиӣ ва дигар ҳолатҳои фавқулодда интиқол додаанд.
Дар маҷмӯъ, хадамоти таъминот ва логистикаи ЮНИСЕФ маводҳо ва хизматрасониҳоро барои кӯдакон ва оилаҳои онҳо дар 160 мамлакатҳо ва минтақаҳои ҷаҳон харидорӣ намудааст, ки арзиши умумии онҳо ба 7,181 миллиард доллари ИМА баробар аст.
###
Қайдҳо барои муҳаррирон
Рӯзи ҷумъа, 7 октябри соати 16:30 Аълоҳазрат Маликаи валиаҳд ва Директори иҷроияи ЮНИСЕФ Кэтрин Рассел дар таҷлили 60 солагии Шуъбаи таъминоти ЮНИСЕФ дар Дания ба тарафдорони ЮНИСЕФ ҳамроҳ мешавад. Чорабинии мазкур дар якҷоягӣ бо Вазорати корҳои хориҷии Дания баргузор мешавад.
Намояндагони васоити ахбори омма метавонанд барои иштирок дар чорабинӣ тавассути тамоси мазкур номнавис шаванд: Стефани Брикман, шуъбаи иртиботи маркази таъминоти ЮНИСЕФ: тел. +45 40 87 48 76 ё тавассути почтаи электронӣ sbrickman@unicef.org.
Чорабинӣ дар анбори ЮНИСЕФ, ки дар суроғаи зерин ҷойгир аст, баргузор мегардад: Oceanvej 10-12, 2150 København.
Барои маълумоти бештар ба суроғаи зерин муроҷиат намоед:
Стефани Брикман, Шуъбаи таъминоти ЮНИСЕФ, +45 40 87 48 76, sbrickman@unicef.org
Анн Софи Бонефелд, Шуъбаи таъминоти ЮНИСЕФ, +45 24 69 46 76 abonefeld@unicef.org
Тамос барои васоити ахбори омма
О ЮНИСЕФ
Барои кӯмак расонидан ба кӯдаконе, ки дар ҳолати ниҳоят номусоид қарор доранд, ЮНИСЕФ дар мавзеъҳои душвортарини сайёра фаъолият менамояд. Барои ҳар як кӯдак мо дар зиёда аз 190 мамлакатҳо ва минтақаҳои ҷаҳон, дар ҳама ҷо фаъолият менамоем, то ҷаҳони беҳтарро барои ҳамагон эҷод намоем.
ЮНИСЕФ-ро дар Twitter, Facebook, Instagram ва YouTube пайгирӣ намоед.