Дар нисфи аз муассисаҳои тандурустии саросари ҷаҳон шароити заминавии беҳдошт вуҷуд надорад – ТУТ, ЮНИСЕФ
Арзёбии нави глобалӣ хатари паҳншавии бемориҳо ва сироятҳоро байни беморон ва кормандони тиббӣ ошкор намуд.

30 АВГУСТИ СОЛИ 2022 | ЖЕНЕВА, НЮ-ЙОРК – Мувофиқи гузориши охирини «Барномаи муштараки мониторинги (JMP) ТУТ ва ЮНИСЕФ» дар саросари ҷаҳон дар нисфи аз муассисаҳои тандурустӣ барои бо истифода аз об ва собун, ё ин ки молидани дастон бо спирт дар нуқтаҳои кӯмакрасонӣ ва ҳоҷатхонаҳо шароити заминавии беҳдошт вуҷуд надорад. Тақрибан 3.85 миллиард нафар аз хизматрасониҳои муассисаҳои мазкур истифода бурда, худро таҳти хатари зиёди сироятёбӣ қарор медиҳанд. Аз ҷумла 688 миллион нафароне, ки дар муассисаҳои бидуни шароити беҳдошт табобат мегиранд.
«Иншоот ва риояи одатҳои беҳдошт дар муассисаҳои тандурустӣ баҳснопазир мебошанд. Такмили онҳо барои барқароршавӣ аз пандемия, инчунин пешгирӣ ва омодагӣ муҳим мебошад. Бидуни бештар намудани сармоягузорӣ ба тадбирҳои асосӣ, таъмин намудани беҳдошт дар муассисаҳои тандурустӣ ғайриимкон аст. Ба тадбирҳои мазкур оби бехатар, ҳоҷатхонаҳои тоза ва тарзи дурусти безараргардонии партовҳои тиббӣ дохил мешаванд», - гуфт доктор Мария Нейра, директори ТУТ, шуъбаи муҳити атроф, тағйирёбии иқлим ва тандурустӣ
«Ман аз мамлакатҳои аъзо даъват менамоям, ки кӯшишҳои худро ҷиҳати иҷро шудани уҳдадориҳо дар самти таъмини об, санитария ва беҳдошт (WASH) дар муассисаҳои тандурустӣ фаъол намуда, инчунин онҳоро назорат намоянд. Уҳдадориҳои мазкур соли 2019 дар Ассамблеяи умумиҷаҳонии тандурустӣ қабул шудаанд.»
Гузориши охирин таҳти унвони «Пешравӣ дар самти WASH дар муассисаҳои тандурустӣ дар солҳои 2000-2021: диққати махсус ба WASH, инчунин пешгирӣ ва мубориза бо сироятҳо» бори аввал чунин як нишондиҳандаи заминавии глобали оид ба шароити беҳдоштро муқаррар намуд, ки мувофиқи он дастрасӣ дар нуқтаҳои кӯмак ва ҳоҷатхонаҳо арзёбӣ карда шуданд. Азбаски, шумораи аз беш зиёди мамлакатҳо оид ба унсурҳои муҳими WASH дар беморхонаҳо ва дигар марказҳои тиббӣ гузориш медиҳанд. Дар мавриди беҳдошт айни замон иттилоот оид ба 40 кишвар дастрас мебошад, ки онҳо 35% аҳолии ҷаҳонро ташкил медиҳанд. Дар муқоиса нишондиҳандаи мазкур соли 2020 ба 21 кишвар ва соли 2019 ба 14 кишвар баробар буд.
Арзёбии глобалии ба наздикӣ татбиқшуда ҳолати боз ҳам равшан ва ташвишовари вазъияти беҳдоштро дар муассисаҳои тандурустӣ нишон медиҳад. Гарчанде, ки 68% муассиссаҳои тандурустӣ дар нуқтаҳои кӯмакрасонӣ ҳуҷраҳои беҳдошт, ва 65% - мавод барои дар ҳоҷатхонаҳо бо собун ва об шустани дастонро доранд, танҳо 51% ҳардуи онҳоро дошта, метавон гуфт, ки ба меъёрҳои шароити заминавии беҳдошт ҷавобгӯ мебошанд. Илова бар ин, дар 1 аз 11 (19%) муассисаҳои тандурустӣ дар саросари ҷаҳон ҳеҷ яке аз инҳо мавҷуд нест.
«Агар кормандони тиббӣ ба шароити заминавии беҳдошт дастрасӣ надошта бошанд, пас метавон гуфт, ки барои беморон беморхона низ вуҷуд надорад,» - мегӯяд Келли Энн Нейлор, Директори ЮНИСЕФ оид ба обтаъминкунӣ, санитария ва беҳдошт (WASH) ва коҳиш додани хатари офатҳои табии (CEED) дар соҳаи иқлим, муҳити атроф, энергетика ва офатҳои табиӣ.
«Беморхонаҳо ва дармонгоҳҳое, ки оби тоза ва шароити заминавии беҳдошт ва санитарияро надоранд – як доми эҳтимолии марговар барои занҳои ҳомиладор, навзодон ва кӯдакон мебошанд. Ҳамасола тақрибан 670,000 навзодон дар натиҷаи сепсис фавт мекунанд. Ин як фоҷиа аст, бахусус бо назардошти он, ки ин фавтҳо пешгиришаванда буданд.»
Дар гузориш оварда шудааст, ки чиҳати интиқоли микрорганизмҳо дар муассисаҳои тандурустӣ, инчунин паҳншавии тобоварӣ ба дорувориҳои зиддимикробӣ дастон ва муҳити атрофи ифлос нақши муҳимро мебозанд. Тадбирҳо дар самти тавсеаи дастрасӣ ба шустани дастон бо собун ва тоза кардани муҳити атроф асоси барномаҳои пешгирӣ ва мубориза бо сироятҳо буда, дар таъмин намудани нигоҳубини сифатнок, хусусан барои таваллудҳои бехатар муҳим мебошанд.
Фарогирии иншоотҳои WASH дар минтақаҳо ва байни табақаҳои дорои сатҳи гуногуни даромад то ҳол нобаробар боқӣ мемонад:
- Дар мамлакатҳои ҷануби Сахараи Африқо дар самти таъмин намудани шароити беҳдошт муассисаҳо ақиб мондаанд. Дар ҳоле, ки аз чор се ҳиссаи (73%) муассисаҳои тандурустӣ дар минтақа дар маҷмӯъ барои тоза кардани дастон маҳлулҳои спиртӣ ё об ва собун доранд. Танҳо аз се як ҳиссаи онҳо (37%) барои шустани дастон бо собун ва об дар ҳоҷатхонаҳо маводи зарурӣ доранд.
- Дар мамлакатҳои сусттараққикарда танҳо 53% муассисаҳои тандурустӣ ба манбаи муҳофизатшудаи об дастрасӣ доранд. Барои муқоиса, дар сатҳи ҷаҳонӣ нишондиҳандаи мазкур ба 78% баробар буда, назар ба муассисаҳои хурди тандурустӣ дар беморхонаҳо (88%) вазъият беҳтар аст. Нишондиҳандаи мазкур дар Осиёи шарқӣ ва ҷанубу-шарқӣ ба 90% баробар аст. Дар маҷмӯъ дар саросари ҷаҳон тақрибан 3% муассисаҳои тиббӣ дар шаҳрҳо ва 11% дар деҳот таъминоти об надоранд.
- Байни мамлакатҳое, ки дар бораи онҳо иттилоот дастрас аст, 10% муассисаҳои тандурустӣ дар ҷаҳон шароити зарурии санитарӣ надоранд. Ҳиссаи муассисаҳои тандурустие, ки шароити зурурии санитарӣ надоранд аз 3% дар мамлакатҳои Амрикои Лотинӣ ва ҳавзаи баҳри Кариб, Осиёи шарқӣ ва ҷанубу-шарқӣ то 22% дар мамлакатҳои ҷануби Сахараи Африқо тафовут дорад. Дар мамлакатҳои аз ҳама камтар тараққиёфта танҳо дар 21% муассисаҳои тандурустӣ шароити заминавии санитарӣ муҳайё аст.
- Инчунин, иттилооти мазкур аз он шаҳодат медиҳад, ки дар аксари муассисаҳои тандурустӣ тозакунии оддии муҳити атроф, бехатар ба навъҳо ҷудо кардан ва безараргардонии партовҳои тиббӣ вуҷуд надорад.
Гузориши мазкур дар «Ҳафтаи умумиҷаҳонии об» тақдим карда шуд, ки он дар шаҳри Стокҳолми Шветсия баргузор мегардад. Дар конференсияи солона, ки аз 23 август то 1 сентябр баргузор мегардад роҳҳои нави ҳали мушкилоти аз ҳама ҷиддие, ки сади роҳи инсоният аст, баррасӣ карда мешаванд: аз амнияти озуқаворӣ ва тандурустӣ то кишоварзӣ, технологияҳо, гуногунии биологӣ ва иқлим.
#####
Истинодҳои марбут:
Матни пурраи гузориш ва баёнияи матбуотӣ пас аз бартараф кардани манъи нашр рӯзи чоршанбеи 30 августи соли 2022 соати 10:30 саҳар, мувофиқ ба вақти марказии аврупо тавассути истиноди мазкур дастрас хоҳад шуд
Маводҳои мултимедияро метавонед инҷо зеркашӣ намоед: https://weshare.unicef.org/Package/2AMZIF9OGJB7
Дар бораи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ
Ташкилоти умумиҷаҳони тандурустӣ дар доираи низоми Созмони миллалӣ муттаҳид пешсафи ҷаҳонӣ дар соҳаи тандурустии ҷамъиятӣ мебошад. Ташкилоти мазкур соли 1948 таъсис дода шудааст ва бо 194 кишварҳои аъзо дар шаш минтақаҳо ва зиёда аз 150 намояндагиҳо барои таҳқими саломатӣ, таъмини амният дар ҷаҳон, инчунин кӯмак ба табақаҳои осебпазири аҳолӣ фаъолият менамояд. Ҳадафи мо барои солҳои 2019-2023 - таъмин намудани фарогирии умумии хизматрасониҳои тандурустӣ барои боз як миллиард нафари дигар, ҳифзи боз як миллиард нафари дигар аз ҳолатҳои фавқулоддаи тиббӣ ва таъмин намудани саломатӣ ва некуаҳволии беҳтар барои боз як миллиард нафари дигар. Барои гирифтани маълумоти тозатарин оид ба COVID-19 ва тавсияҳо барои тандурустии ҷамъиятӣ дар самти муҳофизат аз сироят, аз истинодҳои зерин дидан намоед: www.who.int ва дар Twitter, Facebook, Instagram, LinkedIn, TikTok, Pinterest, Snapchat, YouTube ТУТ-ро пайгирӣ намоед.
Тамос барои васоити ахбори омма
Дар бораи ЮНИСЕФ
Барои кӯмак намудан ба кӯдаконе, дар вазъияти хело номусоид қарор доранд, ЮНИСЕФ дар мавзеъҳои душвортарини сайёра фаъолият менамояд. Мо дар зиёда аз 190 кишвар ва минтақаҳои ҷаҳон барои ҳар як кӯдак ва ҳамаҷо фаъолият менамоем, то ин ки ҷаҳони беҳтарро барои ҳамагон эҷод намоем.
Саҳифаҳои ЮНИСЕФ-ро дар Twitter и Facebook пайгирӣ намоед.
Барои маълумоти бештар ба суроғаҳои зерин муроҷиат намоед:
Дар Женева:
Дархостҳои ВАО барои ТУТ: mediainquiries@who.int
Дар Ню-Йорк:
Сара Алҳаттаб, ЮНИСЕФ Ню-Йорк, Тел: +1 917 957 6536, Email: salhattab@unicef.org