Дар дуюмин ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунанда дастовардҳои «Барномаи рушди тандурустӣ дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби ИА маблағгузорӣ мешавад, қайд гардиданд

Саҳми «Барномаи рушди тандурустӣ» барои расидан ба фарогирии умумии аҳолии Тоҷикистон, бе сарфи назари ҳеҷ як шахс, ба 55 миллион Евро баробар аст.

17 Ноябр 2023
Second EU Health Development Programme Steering Committee Meeting Representatives
UNICEF/Tajikistan/2023/ M. Ruziev
Мулоқот бо намояндагони кумитаи роҳбарикунандаи барномаи дуюми рушди тандурустии ИА

ДУШАНБЕ– Дар дуюмин ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи «Барномаи рушди тандурустӣ», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо малбағгузорӣ мешавад ва татбиқкунандагони он Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ), GIZ ва Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) мебошанд, дастовардҳои назарраси дуюм соли барнома дар самти таъмини фарогирии умумии аҳолии Тоҷикистон бо тандурустӣ рӯнамоӣ гардиданд. Инчунин, дар ҷаласа намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Вазорати молия ширкат варзиданд.

«Дар бораи ҳаракат ба самти фарогирии умумии аҳолӣ бо тандурустӣ, аз ҷумла такмили дастрасӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ ва паст кардани сарбории молиявӣ ба аҳолӣ, Тоҷикистон мунтазам нияти худро баён мекунад. Дар робита ба ин мо ҳамкории зичро бо шарикони рушд давом хоҳем дод ва ман боварӣ дорам, ки вохӯрии имрӯза барои идомаи бомуваффақият ва татбиқи барномаи рушди тандурустӣ дар Тоҷикистон як такон мешавад.» - гуфт Илҳом Бандаев, сардори шуъбаи ислоҳоти кӯмаки аввалияи тиббӣ-санитарӣ (КАТС) ва робитаҳои байналмилалии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон.  

Дар давоми ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунанда дастовардҳои асосии ду соли татбиқи барнома мавриди баррасӣ қарор гирифтанд ва афзалиятҳо барои соли сеюм муайян карда шуданд. Дар натиҷаи ҳамкории зичи ТУТ бо ҳукумати Тоҷикистон санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии нав қабул шуданд, ки барои беҳтар кардани маблағгузории низоми тандурустӣ замина мегузоранд. Дар самти такмили минбаъдаи кӯмаки аввалияи тиббӣ-санитарӣ ва рақамикунонии низоми тандурустӣ тадбирҳои муҳим андешида шуданд.  ЮНИСЕФ барои 750 муассисаи КАТС ва 13 муассисаи тибби дуюмдараҷа дар саросари Тоҷикистон таҷҳизоти зарурии тиббиро харидорӣ, тақсим ва насб намуд. Илова бар ин, ЮНИСЕФ иншооти обтаъминкунӣ, санитария ва беҳдоштро (WASH) дар 15 муассисаи таҳсилоти миёна пурра барқарор намуда, дар 750 маркази кӯмаки авввалияи тиббӣ-санитарӣ дастшӯякҳоро бо лавозимоти зарурӣ насб кард. Илова бар ин, GIZ дастрасии аҳолии деҳаи Мирзо Турсунзода (тақрибан 8000 аҳолӣ) ва дигар деҳоти наздикро ба хизматрасониҳои КАТС дар марказии саломатии деҳот, ки аз таъмир бароварда шуд, таъмин намуд. Айни замон таъмир ва муҷаҳҳазгардонии ду маркази дигари КАТС идома дорад ва дар ояндаи наздик як қатор сохтмон ва азнавсозии дигар сурат хоҳад гирифт.

«Мубодилаи имрӯзаи афкор далели арзишманди тасдиқи биниши муштараки Ҳукумат, ИА, ТУТ, GIZ ва ЮНИСЕФ атрофи роҳҳои таҳкими низомҳои тандурустӣ ва мусоидат ба талошҳои мақсаднок ва ҳамоҳангшуда дар соли оянда мебошад. Мо ислоҳоти васеътари низоми тандурустиро мавриди баррасӣ қарор додем ва ҳамаи шарикони рушд даъват карданд, ки ба талошҳо суръат бахшида шавад. Махсусан дар самти маблағгузории бахши тандурустӣ ва таъмини захираҳои кофӣ. Мо мехоҳем «Барномаи рушди тандурустиро» барои қонеъ гардонидани ниёзҳои тиббии аҳолии Тоҷикистон боз ҳам қавӣ ва чашмрас намоем.» - иброз намуд Марк Бухманн, сардори шуъбаи ҳамкориҳиҳои намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон.

Кумитаи роҳбарикунанда дастгирии техникии ТУТ-ро дар таҳкими идоракунӣ ва маблағгузории тандурустӣ баланд арзёби кард. Кӯмаки мазкур ба Тоҷикистон имконият дод, ки маблағгузории умумии тандурустиро афзоиш диҳад ва механизмҳои муассири маблағгузории ин бахшро дар миқёси кишвар эҷод ва ниҳодина намоянд. Илова бар ин, саҳми GIZ дар барқарорсозии муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббӣ-санитарӣ ва ҳамгироии хадамоти кӯмаки тиббӣ-санитарӣ дар ноҳияҳои гуногуни кишвар зикр гардид. Инчунин, фаъолияти ЮНИСЕФ дар самти арзёбӣ ва такмили чораҳои пешгирӣ ва назорати сироят барои ҷилавгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ дар муассисаҳои тиббӣ ва дар байни аҳолӣ муҳим дониста шуд.

«Дар муддати кутоҳи дар кишвар қарор доштанам аллакай аз чанд ноҳияҳо дидан намудам ва таҷҳизоти нави тиббӣ-санитариро дар муассиаҳои тиббӣ бо чашмони худам дидам. Ин таҷҳизот барои нигоҳдории беҳдошт, пешгирии сироят ва наҷоти умрҳо аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Барои мо мардуми Тоҷикистон бояд дар маркази таваҷҷуҳ ва мадди аввал боқӣ бимонад.” -  гуфт Артур ван Дизен, Сардори намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон.

«Барномаи рушди тандурустӣ» барои давраи 2021 то 2025 пешбинӣ шудааст ва таҳти шиори «Солимии ҳеҷ касро сарфи назар нахоҳем кард» татбиқ мегардад. Барои ба даст овардани фарогирии умумии аҳолӣ бо хизматрасониҳои тиббӣ барномаи мазкур дастгирии дастҷамъона ва назарраси Ҳукумати Тоҷикистонро аз Ҷониби ТУТ, GIZ ва ЮНИСЕФ таъмин кард. Фарогирии умумӣ бо тандурустӣ ба «Стратегияи миллии тандурустӣ барои давраи то соли 2030» мутобиқ буда, барои кулли аҳолии Тоҷикистон дастрасии баробарро ба хизматрасониҳои асосии тиббӣ ва бидуни сарбори молиявӣ таъмин менамояд.

«Мо дар арафаи дигаргуниҳои маблағгузории тандурустӣ дар Тоҷикистон қарор дорем. Дар якҷоягӣ бо Ҳукумат, ИА ва шарикон барои боз ҳам дастрас ва арзон кардани хизматарасониҳои тиббӣ фаъолият дошта, барои ҷомеаи солим замина мегузорем». - гуфт Доктор Виктор Олсавски, Сардори намояндагии ТУТ дар Тоҷикистон.

Саҳми «Барномаи рушди тандурустӣ» барои расидан ба фарогирии умумии аҳолии Тоҷикистон, бе сарфи назари ҳеҷ як шахс, ба 55 миллион Евро баробар аст. Дар давоми 30 соли охир барои дастгирии иҷрои уҳдадориҳои «Рӯзномаи рушди устувор барои давраи то соли 2030» ИА ба Тоҷикистон кӯмак расонидааст. Барномаҳои қаблии таҳти маблағгузории ИА барои таҳкими низоми тандурустӣ дар саросари кишвар саҳми назаррас гузоштаанд.

«Чизе ки ман шахсан аз барномаи ИА қадр мекунам, он аст, ки мо метавонем системаи тандурустии Тоҷикистонро аз дидгоҳҳои гуногун дастгирӣ кунем. Умедворам, ки мо якҷоя метавонем дар рушди хизматрасонии тиббии босифат, дастрас ва боэътимод ба аҳолӣ, ҳатто агар онҳо дар деҳот, дур аз муассисаҳои тиббии шаҳрӣ зиндагӣ кунанд, саҳми муҳим гузорем» - тазаккур дод Сабина Олтхоф, директори кишварии GIZ дар Тоҷикистон.

Барои тамос дар бораи лоиҳа:

Далер Додоҷонов, Мутахассиси иртибот, падидории донорон: ddodojonov@unicef.org  

Джудит Спрункен, мутахассиси техникии шуъбаи иртибот ва мудирияти шарикӣ, намояндагии ТУТ дар Тоҷикистон, sprunkenj@who.int

Даврони Давронзода, коршиноси иртибот ва падидорӣ, GIZ дар Тоҷикистон, davronzoda.davron@giz.de

Тамос барои васоити ахбори омма

Далер Додоҷонов
Мутахассис оид ба иртибот
ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон
Тел: +992939990096
Почтаи электронӣ: ddodojonov@unicef.org

About UNICEF

UNICEF promotes the rights and wellbeing of every child, in everything we do. Together with our partners, we work in 190 countries and territories to translate that commitment into practical action, focusing special effort on reaching the most vulnerable and excluded children, to the benefit of all children, everywhere. UNICEF operates in Tajikistan since 1993. 

To receive more information about UNICEF and our work in Tajikistan, please visit https://www.unicef.org/tajikistan/

Follow UNICEF on FacebookInstagram and Twitter