Саҳифа
Иммунизатсия дар давраи пандемияи COVID-19
Маслиҳатҳо барои падарону модарон

Хуруҷи сирояти КОВИД-19 бо падарону модарон тарс ва шубҳаҳои зиёд пайдо намуд. Бисёр волидайн дар бораи иммунизатсия дар давраи пандемияи КОВИД-19 саволҳои зиёд доранд. Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) тавсия медихад, ки иммунизатсияи нақшавӣ дар асоси тақвими иммунизатсия ҳатто дар мавриди пандемияи COVID-19 гузаронида шавад.

Иммунизатсияҳои саривақтӣ барои таъмини ҳифзи боэътимоди кӯдакони хурдсол аз бемориҳои сироятӣ, ки ба ҳаёт таҳдидкунанда мебошанд, инчунин барои пешгирии ҷамъшавии гурўҳҳои кўдакони аз иммунизатсия бозмондашуда ва аз даст додани иммунитети дастаҷамъӣ хеле муҳим мебошад.
Иммунизатсия- ин татбиқи ҳуқуқи ҳар як кӯдак ба саломатӣ мебошад.

Иммунизатсияи нақшавӣ барои кӯдакон дар давраи аввали зиндагии онҳо хеле муҳим мебошад. Аз ҳама муҳимаш иммунизатсияи кўдаконе баҳисоб меравад, ки аз рўи тақвим баъд аз таваллуд ва дар давоми ду соли аввали ҳаёташон бояд фаро гирифта шаванд.
Намуди ваксинаҳо вобаста аз давлатҳои гуногун аст, лекин далели асосӣ он аст, ки иммунизатсияи саривақтӣ калиди асоси барои муҳофизати кӯдакон, ҷавонон ва калонсолон аз сироятҳои гуногуни хатарнок эмин нигоҳ медорад.

Ҳама гуна номунтазамӣ дар хизматрасониҳои иммунизатсия ҳатто дар муддати кӯтоҳ ба он оварда мерасонад, ки аҳолӣ, хусусан кӯдакон зери хавфи гирифторшавӣ ба бемориҳои сироятии ба воситаи иммунизатсия идорашаванда қарор мегиранд. Зиёд шудани шумораи нафарони аз иммунизатсия бозмондашуда метавонад ҳимояи коллективии аҳолиро зери хатар гузорад ва эҳтимолияти сар задани хурўҷи бемориҳо зиёд кунад.

Дар айни замон ягон далеле вуҷуд надорад, ки иммунизатсия метавонад хатари сироятёбии кӯдакро ба COVID-19 зиёд кунад ё ба ҷараёни беморӣ таъсир расонад. Донистан ва риоя кардани мўҳлатҳои Тақвими иммунизатсия муҳим аст.
Агар фарзанди Шумо бо сабаби вазъи эпидемологии COVID-19 иммунизатсияро сари вақт нагирифта бошад, ӯ ҳоло низ метавонад ваксинаҳои лозимиро дар муассисаи тиббии ҷои зистатон ва ё наздиктарин марказҳои саломатӣ ќабул кунад.

Ваксинаҳо бехатар ва фоидаовар мебошанд. Онҳо аз санҷиши ҷиддии сифатнокӣ мегузаранд.
Аз ҳама муҳим он аст, ки фарзанди шумо ҳама ваксинаҳои нақшавиро сари вақт қабул кунад; онҳо фарзанди шуморо аз бисёр бемориҳои хатарнок ҳам имрўз ва ҳам дар оянда муҳофизат мекунанд.

Тавсияҳои соҳаи тандурустиро пайгирӣ намоед; аз онҳо шумо метавонед фаҳмед, ки кай ва дар куҷо иммунизатсияро гирифта метавонед.
Агар бо сабаби чораҳои ҷавобӣ ба бемории COVID-19 хизматрасониҳои иммунизатсионӣ дар минтақаи шумо муваққатан манъ шуда бошад, дар ҳоле ки ин хизматрасонӣ фаъол мегардад, боварӣ ҳосил кунед, ки фарзанди шумо ҳама вояҳои бозмондашударо қабул кардааст.