Тадқиқоти хотимавии сатҳи дониш, муносибат ва рафтори аҳолӣ нисбат ба кўдакон ва занони дорои маъюбӣ
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳолатҳои барҷаста
Дар ҳамаи кишварҳо занон ва мардону кӯдакони дорои маъюбият ба гурўҳҳои осебпазири ҷомеа ворид гардида, дар ҳалли мушкилоти мавҷуда ва амалисозии ҳуқуқҳои худ аксар вақт ба мушкилоти зиёд дучор мегарданд. Шахсони осебпазир, хусусан кӯдакони ятим ва маъюб дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи муҳимро ишғол менамоянд.
Ҳар сол Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии иҷтимоии ин гурӯҳҳои осебпазир тадбирҳои мушаххас меандешад. Ин гурӯҳи осебпазири аҳолӣ таҳти ғамхории давлат қарор дошта, дар баробари пардохти нафақа, ба татбиқи ҳуқуқу кафолатҳои барои онҳо дар қонунгузории ҷумҳурӣ пешбинишуда, аз ҷумла таъмини тавонбахшӣ дар муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоии шаклҳои гуногун дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ таваҷҷӯҳи махсус дода мешавад. Дар баробари ин, бо ҷалби шарикони рушд ва сохторҳои дахлдори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадқиқоти сатҳи зиндагӣ ва мушкилоти мавҷудаи гурӯҳҳои осебпазир гузаронида мешавад.
Қайд намудан лозим аст, ки бо мақсади муайян намудани сатҳи дониш, муносибат ва рафтори аҳолӣ нисбат ба кӯдакон ва занони маъюб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 бо дастгирии Хазинаи Кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон дар минтақаҳои таҷрибавии ҷумҳурӣ тадқиқот гузаронида шуда буд. Дар соли 2020 низ тадқиқоти ниҳоии сатҳи дониш, муносибат ва рафтори аҳолӣ нисбати кӯдакон ва занони имконияташон маҳдуд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд, ки натиҷаҳои он дар ин ҳисоботи таҳлилии мазкур дарҷ гардидаанд. Ҳадафҳои асосии гузаронидани тадқиқоти ниҳоӣ аз омӯзиши дониш, муносибат, рафтор ва меъёрҳои асосии иҷтимоии ҷомеа нисбат ба ҳамгироии иҷтимоии кӯдакон ва занони маъюб дар Тоҷикистон ва муайян кардани таѓйироти баамаломада нисбат натиҷаҳои тадқиқоти дар соли 2016 гузаронидашуда иборат буданд.
Дар ҳисобот, инчунин, мушкилоти асосӣ дар дониш ва монеаҳое, ки ба ҷараёни гирифтани хизматрасониҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, таҳсилот ва шуѓли аҳолии кӯдакон ва занони маъюб монеъ мешаванд, нишон дода шуда, хусусияти муносибат, рафтор ва амали одамоне, ки раванди ҳамгироии иҷтимоиии кӯдакон ва занони маъюбро бозмедоранд ё ташвиқ мекунанд, инчунин манбаъҳои иттилоот, роҳҳои алоқа намудан, гурӯҳҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ, ки ба чунин муносибат, рафтор ва амали ҷомеа таъсир мерасонанд, қайд карда шудааст.
Бо мақсади беҳтар намудани ҳуқуқ ва дастрасии кӯдакон ва занони маъюб ба ҳаёти шоистаи иҷтимоӣ, дар ҳисобот тавсияҳо оид ба амалӣ намудани як қатор тадбирҳои сиёсӣ ва амалӣ оварда шудаанд. Айни замон, шумораи маъюбон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 157,160 нафарро ташкил медиҳад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини ҳуқуқу кафолатҳои иҷтимоии маъюбон ва баланд бардоштани некӯаҳволии онҳо тамоми чораҳои заруриро меандешад. Боварӣ дорем, ки маводи мазкур ба ташкилоту муассисаҳои давлатӣ, байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ ва ҳамаи шахсони манфиатдоре, ки бо масъалаҳои маъюбон сарукор доранд, имкон медиҳад, ки манфиатҳои шахсони маъюбро дар фаъолияти худ самаранок ба инобат гирифта, ба назорати вазъ ва татбиқи ҳуқуқҳои маъюбон диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд.