«1000 рўзи аввали ҳаёти кўдак» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барномаи миллии коммуникатсионии барои солҳои 2020-2024

Mother with a child
UNICEF Tajikistan/2020/ M. Ruziev

Ҳолатҳои барҷаста

Барномаи миллии коммуникатсионии "1000 рўзи аввали ҳаёти кўдак" дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024 (минбаъд - Барнома) санаде мебошад, ки тағйироти меъёрҳои иҷтимоӣ ва рафториро нисбати рушди кўдакони синни то 2-сола дар Тоҷикистон муайян мекунад.

Барномаи мазкур бо ташаббуси Ҳаракати умумиҷаҳонӣ оид ба беҳтаркунии сифати ғизо дар Тоҷикистон (SUN) бо мақсади ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор (ҳадафҳои 2 (тандурустӣ) ва 6 (таъмини амнияти озуқаворӣ ва ғизо), инчунин паст кардани тамоми нишондиҳандаҳои ғизои нокифоя ё нодуруст дар Тоҷикистон таҳия гардидааст.

Барномаи мазкур ба таври возеҳ роҳҳои техникиеро тавсиф медиҳад, ки тавассути онҳо бар зидди ақибмонии қадкашӣ дар байни кўдакон мубориза бурдан мумкин аст. Барномаи зикргардида ба ҷанбаҳои рафторӣ ё аниқтараш ба шахсоне равона мегардад, ки бояд тарзҳои рафтории худро барои коҳиш додани нишондиҳандаҳои ақибмонии қадкашӣ тағйир диҳанд.

Ин Барнома муносибатро оид ба тағйир додани рафтори одамон (роҳбарон ва кормандони муассисаҳои тиббӣ, ҷомеаҳо ва оилаҳо) дар тамоми сатҳҳо муаррифӣ менамояд. Таваҷҷўҳ ба тағйир додани рафтор барои тезонидани натиҷаҳо равона шудааст. Шаҳрвандон бояд нишондиҳандаҳои хизматрасониҳои босифатро, ки барои дастгирии онҳо пешбинӣ шудаанд, истифода баранд. Муносибати дуруст ва саривақтии ин шахсон метавонад ба солимии фарзандон замина гузорад.

Ҳангоми таҳияи Барнома дар баробари санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор муқаррароти зерин, аз қабили Нишондиҳандаҳои Ҷаҳонии ғизо барои соли 2025 (Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ), Силсилаи шарҳҳои мухтасар оид ба сиёсат ва стратегия, инчунин Стратегия оид ба ғизо ва фаъолияти ҷисмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2024 низ ба асос гирифта шудааст.

tajik cover
Муаллиф
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон
Таърихи нашр
Забонҳо
Англисӣ, Русӣ, Тоҷикӣ